Олимҷон Муҳаммадҷонзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Олимҷон Муҳаммадҷонзода
Маҳмадҷонов Олимҷон Обидҷонович
Таърихи таваллуд 1 октябр 1961(1961-10-01) (62 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Тоҷикобод, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон

Муҳаммадҷонзода Олимҷон Обидҷон (Маҳмадҷонов Олимҷон Обидҷонович; тав. 1 октябри 1961, ноҳияи Тоҷикобод) — доктори илми филологӣ (2010), профессор (2012).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Олимҷон Муҳаммадҷонзода факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро соли 1985 ва ғоибона Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айниро соли 2005 хатм кардааст. Солҳои 1985—1990 лаборанти калон, ассистент, муаллими кафедраи забони тоҷикии ДДОТ ва 1990—1994 аспиранти он, 1995—2005 сармутахассису масъули котиботи Конуни забони назди Ҳукумати Тоҷикистон, 2005—2009 мудири кафедраи филологияи тоҷики Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон, 2009—2010 докторанти Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон, 2010—2013 декани факултаи забонҳои шарқи ДДЗТ буд. Аз соли 2013 мудири шуъбаи таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва то январи соли 2020 муовини ректор дар бахши илм ва инноватсияи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода буд[1][2].

Олимҷон Муҳаммадҷонзода бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2020 раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд[3].

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба таҳқиқи як қисми лексикология-топонимика, ки номҳои ҷуғрофиро меомӯзад, шуғл варзида, топонимияи минтақаи Ромит ва водии Ҳисорро баррасӣ кардааст. Оид ба лексикология ва номшиносии тоҷик низ нуқтаи назари ҷолиб баён доштааст. Мураттиби маҷмӯаҳои «Даҳ соли қонуни забон» (1999), «Забон ва Истиқлол» (2001), «Оинаи забон» (2003) ва ғайра мебошад[4].

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Баррасиҳо дар номшиносии тоҷик. — Д., 2004;
  • Лексикологияи тоҷик. Дастури таълимӣ. — Д., 2007 (ҳаммуаллиф);
  • Топонимия Ромитского региона. — Д., 2005;
  • Курси лексионӣ аз забони адабии ҳозираи тоҷик. — Д., 2008 (ҳаммуаллиф);
  • Топонимия ва микротопонимияи қисмати шимолии водии Ҳисор. — Д., 2009;
  • Курс лекции по грамматике китайского языка. Учебное пособие. — Д., 2010 (соавтор);
  • Историко-лингвистическое исследо-вание топонимии Гиссарской долины Таджикистана: Дисс…доктора филол. наук. — Д., 2010;
  • Таҳқиқоти таърихию забоншиносии топонимияи Ҳисори Тоҷикистон. — Д., 2012.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]