Олимҷон Хоҷамуродов
Олимҷон Хоҷамуродов | |
|---|---|
| Таърихи таваллуд | 29 июли 1948 (78 сол) |
| Зодгоҳ | Панҷакент, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон |
| Кишвар |
|
| Фазои илмӣ | шарқшиносӣ, филология |
| Ҷойҳои кор | Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии АМИТ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон |
| Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои филология (1998) |
| Унвонҳои илмӣ | профессор (1999) |
| Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1970) |
| Маъруф ба | пажӯҳиши эҷодиёти Содиқ Ҳидоят ва насри равонии форсӣ |
Олимҷон Хоҷамуродов (Олимҷон Ҳамроевич Хоҷамуродов; зод. 29 июли 1948, Панҷакент) — шарқшинос, адабиётшинос, доктори илмҳои филология (1998), профессор (1999).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Олимҷон Хоҷамуродов 29 июли соли 1948 дар шаҳри Панҷакент ба дунё омадааст. Фориғуттаҳсили факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1970) ва аспирантураи Институти шарқшиносии Академияи илмҳои ИҶШС (1976) мебошад.
Фаъолияти корӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Солҳои 1976—1978 — ходими илмии Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон;
- Солҳои 1979—1983 — тарҷумон дар Эрон;
- Солҳои 1984—2003 — муаллим, муаллими калон, дотсент ва профессори кафедраи забон ва адабиёти форсии ДМТ;
- Аз соли 2003 — мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ ва сипас ноиби ректор оид ба масъалаҳои иҷтимоию тарбияи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Роҷеъ ба масоили гуногуни адабиёти муосири Эрону Афғонистон, махсусан насри зеҳнгароии (психологии) адабиёти муосири форсӣ таҳқиқоти судманд анҷом бахшидааст. Таҳқиқоти ӯ перомуни эҷодиёти адиби барҷастаи қарни XX-и Эрон Содиқ Ҳидоят шоистаи таҳсин аст. Чандин китобу рисолаи олимону адибони муосири Эрону Афғонистонро бо пешгуфтор ва шарҳу тавзеҳот ба хатти кириллӣ баргардонидааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Поэтика Садека Хедаята. — Д., 1991.
- Поэтика современной персидской психологической прозы (30-70-е годы XX в.): Дисс… доктора филол. наук. — Д., 1998.
- Насри зеҳнгароии форсӣ дар Эрон дар қарни XX (поэтикаи жанр). — Д., 2003.
- Фарҳанги мухтасари вожаҳои форсӣ. — Д., 2006 (нашри дувум — 2010).
- Фарҳангшиносӣ. Фишурдаи дарсҳои назариявӣ. — Д., 2011[1].
- Нигоҳе ба ҷунбиши ислоҳи хат дар Эрон (аз охирҳои асри XIX то солҳои 70-уми асри XX). — Д.: Мулквар, 2023. — 108 с.[2]
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арбобони илми тоҷик (асри ХХ — аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Суҷонӣ; Зери таҳрири Сайфидин Назарзода. — Душанбе, 2016. — 720 с. — С. 609.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Олимҷон Хоҷамуродов. Фарҳангшиносӣ. Фишурдаи дарсҳои назариявӣ (2011).
- ↑ Олимҷон Хоҷамуродов: Нигоҳе ба ҷунбиши ислоҳи хат дар Эрон. Китобхонаи миллии Тоҷикистон (25 феврали 2026). 17 июли 2026 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 июли 2026.