Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Олмон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷумҳурии Федеролии Олмон
Bundesrepublik Deutschland
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Шиор: «Einigkeit und Recht und Freiheit»
Суруди миллӣ: «Das Lied der Deutschen »
Забони расмӣ Забони олмонӣ
Пойтахт Берлин
Шаҳри калонтарин Берлин, Франкфурти лаби Майн, Мюнхен, Штуттгарт ва Бонн
Сохтори давлат Демократияи парлумонӣ
Масоҳат
  Ҳамагӣ 357 588 км² (62-ум дар ҷаҳон)
 км²
  % сатҳи об 2,46
Аҳолӣ
  Баҳо 84,746,132 наф. (19-ум ҷой дар ҷaҳон)
  Барӯйхатгирӣ  наф.
  Зичӣ 237 наф./км²
ММД (БҚХ)
  Ҳамагӣ  $
  Ба сари аҳолӣ  $
ММД (номинал)
  Ҳамагӣ  $
  Ба сари аҳолӣ  $
Воҳиди пул евро[1][2][3][…]
Интернет-домен .de (ва .eu)
Рамзи ISO DE
Рамзи КБО GER
Коди телефон +49
Минтақаҳои замонӣ UTC+1[d] ва UTC+02:00
Ҳаракати автомобилӣ тарафи рост[d][4][5]
 Парвандаҳо дар Викианбор



    1. https://web.archive.org/web/20110111043412/http://ec.europa.eu/economy_finance/euro/countries/germany_en.htm (ингл.) / European Commission
    2. http://www.bpb.de/nachschlagen/lexika/lexikon-der-wirtschaft/19280/europaeische-wirtschafts-und-waehrungsunion (нем.) / Hrsg.: Bundeszentrale für politische Bildung
    3. https://web.archive.org/web/20120819190852/http://www.bundesfinanzministerium.de/Web/DE/Themen/Europa/Euro_auf_einen_Blick/Europaeische_Wirtschafts_und_Waehrungsunion/europaeische_wirtschafts_und_waehrungsunion.html (нем.) / Hrsg.: Bundesministerium der Finanzen
    4. http://rammb.cira.colostate.edu/dev/hillger/driving-customs.htm (ингл.)
    5. § 3 Abs. 1 // Straßenverkehrs-Ordnung

    Ҷумҳурии Федеролии Олмон (олмонӣ: Bundesrepublik Deutschland) ё Олмон (олмонӣ: Deutschland) — кишвар дар Урупои марказӣ. Масоҳати он 357.588 км² буда, аҳолии он (мувофиқи маълумотҳои омор аз 30 сентябри соли 2014) беш аз 84 млн. нафар иборат аст.

    Мақолаи асосӣ: Таърихи Олмон

    Олмон як таърихи бузургу бой дорад, ки пур аз воқеаҳо мебошад. Дар таърихи Олмон воқеаҳо ва шахсони бузурги хуб ва дар як вақт ба ҳам буданд, ки ба сари Олмон ва халқи бузурги Олмон бадбахтиҳо оварда буд.

    Сиёсат ва ҳукумат

    [вироиш | вироиши манбаъ]

    Бахшбандии кишварӣ

    [вироиш | вироиши манбаъ]

    Тақсимоти маъмурӣ

    [вироиш | вироиши манбаъ]

    Олмон — кишвари федеративӣ буда, ба он 16 субъектҳои баробарҳуқуқ— заминҳо (Bundesländer) дохил мешаванд, ки сетои онҳо — шаҳрҳоянд (Берлин, Бремен ва Ҳамбург).

    ЗаминПойтахтНоми олмонии заминНоми олмонии пойтахт
    1. Баден-ВӯрттембергШтуттгартBaden-WürttembergStuttgart
    2. Кишвари озоди БаварияМюнхенFreistaat BayernMünchen
    3. БерлинБерлинBerlinBerlin
    4. БранденбургПотсдамBrandenburgPotsdam
    5. Шаҳри озоди ҳанзеи БременБременFreie Hansestadt BremenBremen
    6. Шаҳри озод ва ҳанзеи ҲамбургҲамбургFreie und Hansestadt HamburgHamburg
    7. ҲессенВисбаденHessenWiesbaden
    8. Мекленбург-ФорпоммернШверинMecklenburg-VorpommernSchwerin
    9. Саксонияи ПоёнӣҲанноферNiedersachsenHannover
    10. Райн-Вестфалени шимолӣДӯсселдорфNordrhein-WestfalenDüsseldorf
    11. Райнланд-ПфалсМайнсRheinland-PfalzMainz
    12. ЗаарЗаарбрӯккенSaarlandSaarbrücken
    13. Ҷумҳурии озоди СаксонияДрезденFreistaat SachsenDresden
    14. Саксония-АнҳалтМагдебургSachsen-AnhaltMagdeburg
    15. Шлезвиг-ҲолштайнКилSchleswig-HolsteinKiel
    16. Ҷумҳурии озоди ThüringenЭрфуртFreistaat ThüringenErfurt

    Тақсимоти хурд аз 438 ҳавзаҳо иборат аст (Kreise).

    Аҳолии Ҷумҳурии Олмон — 84.746.132 нафар (аз 30-юми сентябри соли 2024) аст. Аз ҷумла 14 млн аҳолиро асосан мардуми ғайри олмонӣ, яъне хориҷиён ташкил медиҳанд, ки ин 16 фоизи аҳолии Ҷумҳурии Олмонро ташкил медиҳад. Коэффитсиенти таваллуд дар Олмон ниҳоят паст буда, ба 1000 нафар аҳолӣ ҳамагӣ 9 кӯдак рост меояд. Олмониҳо мардуми камфарзанд буда, ба ҳар сар зан 1,3 кӯдак рост меояд. Бо вуҷуди ин афзоиши шумораи аҳолӣ дар солҳои охир аз ҳисоби муҳоҷироне ки аз давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба Олмон баргаштаанд (тахминан 3 млн.), мӯътадил боқӣ монд. Ҳар як чорумин нафар дар шаҳр ва ҳар як ҳафтумин нафар дар деҳот танҳо зиндагӣ мекунад. Миқдори падару модароне ки яккаву танҳо ба тарбияи фарзанд(он) машғуланд, тақрибан ба 2,4 миллион нафар мерасад. Қисми зиёди онҳоро занҳо ташкил медиҳанд. Олмониҳо мардуми дарозумр буда, синни мардон ба ҳисоби миёна ба 74,4 ва синни занон бошад ба 80,6 рафта мерасад.

    Олмониҳо мувофиқи сарқонуни ҶФО ҳукуқи озодона интихоб кардани ҷои зисти худро доранд. Баъд аз имзо кардани созишномаи Шенген онҳо ҳатто метавонанд ба кишварҳои дигари узви ин созишнома сафар карда, манзили доимии худро интихоб кунанд. Соли 2002 олмониҳо бо пули миллии худ – Дойчмарк видоъ карда, пули нави Иттиҳоди Аврупо (Евро)-ро қабул карданд.

    Фарҳанг ва маориф

    [вироиш | вироиши манбаъ]
    Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи
    Олмон дорад