Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Олучаи суғдӣ
рутбаҳои мобайнӣ
Триба: Amygdaleae Juss. , 1789
Prunus sogdiana
Олучаи суғдӣ (лот. Prunus sogdiana ) — дарахти мевадорест аз сардаи олу , ки то 5—7 метр қад мекашад.
Танааш ашҳабии тирагун ё сиёҳтоб, баргаш мудаввар ё тухмшакл (дарозиаш 4,5—7 сантиметр, бараш 2,2—5 сантиметр), гулаш 5-баргаи сафед (диаметраш 1,7—2,6 сантиметр), мевааш сершираи донакдор, мудаввар ё тухмшакли зард, сурхи сиёҳ ё норанҷии гулобӣ (вазнаш ба ҳисоби миёна 2,5—3 грамм; аз ҳама калонаш 7—8 грамм) Моҳи апрел гул мекунад. Мевааш июл — август мепазад. Олучаи суғдӣ 4 хел мешавад: зард, сурх ва ғайра (Prunus sogdiana var. citrina, Prunus sogdiana var. eximia, Prunus sogdiana var. depruinosa, Prunus sogdiana var. atrata ). Дар Осиёи Миёна (Помиру Олой ва Тиёншон) мерӯяд. Олучаи суғдӣ хоси ҷангалзори паҳнбарг (800—2480 метр аз сатҳи баҳр) аст. Аз мевааш мураббо, рубъ ва компот тайёр мекунанд; 6,35 % қанд дорад.