Jump to content

Омдурман

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шаҳр
Омдурман
ар. أم درمان
15°41′01″ с. ш. 32°27′46″ в. д.HGЯO
Кишвар  Судон
Таърих ва ҷуғрофиё
Масоҳат
  • 614,9 км²
Баландии марказ 178 ± 1 м
Минтақаи замонӣ UTC+03:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ
  • 2 805 396 тан (2012)
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
Омдурман дар харитаи
Омдурман
Омдурман
 Парвандаҳо дар Викианбор

Омдурман (ар. أم درمان‎, Умм Дурман маълум) —дуввумин шаҳри бузурги Судон аст. Он дар соҳили муқобили дарёи Нил аз пойтахти Судон, Хартум ҷойгир аст. Аҳолии Омдурман (ба истиснои агломератсия) зиёда аз 2,8 миллион нафарро ташкил медиҳад (то соли 2012). Шаҳр маркази тиҷоратии кишвар мебошад.

Дар қисми ғарбии Омдурман оромгоҳи шайх Хамад ал-Нил воқеъ аст.

Соли 1884 роҳбари шӯриши зиддимустамликадорӣ, ки ба таърих дар номи «шӯриши маҳдиён» дохил шуд, Муҳаммад «Маҳдӣ» Аҳмад ситоди ҳарбии худро дар деҳаи Омдурман, ки дар соҳили му-қобили дарёи Нил аз маркази маъмурии Судон — Хартум воқеъ аст, таъсис дод. Пас аз марги Муҳаммад Аҳмад аз бемории домана соли 1885, вориси ӯ Абдулло "Халифа" ибни Муҳаммад Омдурманро пойтахти давлат эълон кард.

Дар ҷанги Омдурман қӯшунҳои Англия таҳти фармондеҳии Горатсио Герберт Китченер қувваҳои исёнгаронро зада афтонд, барқарор намудани назорати Англияро бар Судон таъмин карданд.

Дар дарёи Нили Сафед, дар баландии 390 м аз сатҳи баҳр воқеъ шудааст[1]. Он як қисми агломератсияи шаҳрӣ бо Хартум ва Хартуми Шимолӣ мебошад.

Тибқи ҳисобҳои соли 2010, аҳолии Омдурман 2,577,780 нафарро ташкил медиҳад.

Динамикаи шумораи аҳолии шаҳр аз рӯи сол:

Соли Аҳолӣ
1909 [2] 42 779
1941 116 196
1956 113 600
1973 299 399
1983 526 284
1993 1 271 403
2007 2 127 802
2008 2 395 159
2010 2 577 780

Бародаршаҳрҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Umm Durman, Sudan Page(англ.)(пайванди дастнорас — таърих). Fallingrain Global Gazetteer. 28 Декабри 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 сентябри 2015.
  2. Encyclopædia Britannica von 1911: Band 20, Seite 101(пайванди дастнорас — таърих). 28 Декабри 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 августи 2010.