Омода намудани парвандаи гражданӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Омода намудани парвандаи гражданӣ — омода намудани парвандаи гражданӣ ба мухокимаи судӣ яке аз давраҳои ёрирасонн мурофиаи гражданӣ мебошад. Ин давра аз маҷмӯи ҳаракатҳои мурофиавие иборат аст, ки мақсади онҳо ба вучуд овардани шароит барои дар як ҷаласаи судй дуруст ва сари вақт баррасӣ намудани парвандаи гражданӣ мебошад. Барои тайёр намудани парванда ба муҳокимаи судӣ КМГ муҳлати махсус пешбинӣ накардааст. Дар ҳудуди давраи омода намуданн парвандаи гражданӣ бамуҳокима суд ва шахсони иштирокчии парванда амалиётҳои гуногуни мурофиавиро содир мекунанд. Моддаҳои 152-159 ин амалиётҳоро пешбинӣ намудааст. Содир намудани амалиёгҳои мурофиавии давраи тайёр намудани парвандаи гражданӣ ба муҳокиман судӣ бояд татбиқи вазифаҳои ин давраро имкон диҳанд. Вазифаҳои давраи тайёр намудани парвандаи гражданӣ ба муҳокимаи судӣ инҳоянд:

  1. аниқ намудани ҳолатҳоё; ки ба дуруст ҳал намуданн парвандан гражданӣ аҳамият доранд, яъне аниқ намудани предмети исботкунӣ;
  2. муайдн намудани муносибатн ҳуқуқии тарафайн ва қонуне, ки онро
  3. дастрас мебояд кард, яъне додани квалифика гсияи ҳуқукии муноснбатҳои баҳсноки ҳуқуқии тарафайн;
  4. ҳал намудани масъала дар борап ҳайати шахсони нштнрокчии парванда, яъне 6а нарваида ҷалб намудани ҳамаи шахсони аз ҷиҳати хуқуқӣ манфиагдор;
  5. муайян намудани далелҳое, ки ҳар як тараф бояд 6а мақсади тасдиқн талабу норозигии худ пешниҳод намояд, яьнс муайян намудани воситаҳои исботкунии далелҳои юридикии асоси галабҳо ва норозигпҳои тарафҳо;
  6. оштии тарафҳо.[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. – Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 139-140