Операи мазҳакавӣ
Операи маҳакавӣ — операе, ки мундариҷааш мазҳакавӣ буда, дар а. XVIII дар мамлакатҳои Аврупо ҳамчун намуди санъати демократӣ пайдо шудааст. Мундариҷаи Операи маҳакавӣ бештар ҳаҷвӣ буда, иқтибос аз ҳаёти халқ гирифта шудааст. Номераҳои мусиқӣ - арияҳо, ансамблҳо ва ғ. навбат ба навбат бо саҳнаҳои гапзанӣ, дар баъзе ҳолатҳо бо речитатив иҷро мешуданд: муаллифони О.м., ки дар а. XVIII навишта шудаанд, инҳоянд: дар Итолиё - Д. Перголези, Д. Чимароза, дар Фаронса - П.Монсини, А.Гретри, дар Австрия - Й. Ҳайдн, В.Мотсарт, дар Россия - М. Матинский, В.Пашкевич, Е. Фомин. Дар Операи маҳакавӣ асрҳои XIX-XX одатан ҳама амалҳо бо мусиқӣ ҳамроҳ мешуданд, саҳнаҳои суханронӣ аз байн рафтанд. Намояндагони барҷаста: дар Италия – Ҷ.Росинни, Г.Донисетти, дар Фаронса – Ф. Обер, Ш.Гуно, дар Олмон – Р. Штраус, дар Чехия - Б.Сметана, дар Россия – М. Мусоргский, Н.Римский-Корсаков, дар замони Шӯравӣ – Прокофйев, Шебалин ва дар Ғарб – Кодай, Равел Операи маҳакавӣ офаридаанд.[1]
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.282 – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)