Опера-буффа

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Опера-буффа (фр. opera-buffa, операи мазҳакавӣ) — жанри операи итолиёвӣ; мазҳакаи мусиқӣ дар сужети ҳаётӣ. Опера-буффа дар охири садаи XVIII ва аввали садаи XIX пайдо шуда, дар асоси ҳаргуна мазҳака ва эҷодиёти сурудҳои халқӣ-ҳаётӣ маъмул гардид. Дар муқоиса аз операҳои мазҳакавии олмонӣ, австриягӣ, фаронсавӣ, россиягӣ дар Опера-буффа саҳнаҳои нутқ (суханронӣ) вуҷуд надоштанд; ба ҷои онҳо речитатив васеъ истифода бурда мешуданд. Муаллифони машҳури Опера-буффа дар Аврупо Д. Перголези («Хонум-хизматгор»), Д. Чимароза («Никоҳи махфӣ») ва ғ. дониста шуданд.[1]

Нигаред[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.282 – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)

Пайвандҳо[вироиш]