Оптатсия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Оптатсия - яке аз воситаҳои қабул (ба даст даровардан) ва қатъ гаштани шаҳрвандӣ дар ҳуқуқи конститутсионӣ ва байналмилалӣ, ки бо тағйир ёфтани ҳудуди давлат алоқаманд буда, аз ҷумла дар моддаҳои 15, 25, 26 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар гардидааст. Масалан, дар моддаи 15 Қонун муқаррар карда шудааст, ки яке аз асосҳои тартиби ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудан ин бо роҳи интихоби шаҳрвандӣ (оптатсия) дар сурати тағйир ёфтани мансубияти давлатии марзи муайян ва аз рӯи асосҳои дигаре, ки шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд. Инчунин тарзи қатъ гаштани шаҳршаҳрванд бо роҳи интихоби шаҳрвандӣ (оптатсия) ҳангоми тағйир ёфтани мансубияти давлатии ҳудуд нисбати сокинони он шаҳрвандии Тоҷикистон қатъ мегардад (моддаи 27 банди «д» Қонун).[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 370