Ордени Зарринтоҷ I
Jump to navigation
Jump to search
Ордени Зарринтоҷ дараҷаи I - ордени давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Бо ордени Зарринтоҷ дараҷаи I:
- сарварони давлатҳо, ҳукуматҳо ва парламентҳои давлатҳои хориҷӣ:
- вазирон ва сардорони идораҳои давлатҳои хориҷӣ;
- сардорони намояндагиҳои ташкилотҳои минтақави ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ:
- сарварони мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- шахсоне, ки мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатиро ишљол менамоянд ва вазъи ҳуқуқии онҳо бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;
- шахсоне, ки мансабҳои олӣ ва асосии давлатии хизмати давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишљол мекунанд ва чун қоида бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I ё ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи II ё Ордени Зарринтоҷ дараҷаи II мукофотонида шудаанд;
- дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои нав, ки бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I ё ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи II ё ордени Зарринтоҷ дараҷаи II мукофотонида шудаанд, сарфароз мегарданд.[1]
Ордени Зарринтоҷ дараҷаи I дорои нишон ва ситора мебошад. Нишони орден бо тасма аз болои китфи рост ва ситораи орден дар тарафи чапи сари сина овехта мешаванд.