Ордени «Шараф»

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ордени Шараф)
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
The Order Of Glory.svg

Ордени Шараф - ордени давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Бо ордени Шараф шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳояшон ҷиҳати рушди иқтисодиёт, соҳаи иҷтимоӣ, илм, фарҳанг ва маориф, хизмати намунавии давлатию ҳарбӣ ва фаъолияти босамари ҷамъиятӣ сарфароз гардонида мешаванд. Ордени Шараф ду дараҷа дорад:

  • ордени Шараф дараҷаи I бо бандинаи тасма дар тарафи чапи сари сина овехта мешавад;
  • ордени Шараф дараҷаи II бо тасма дар тарафи чапи сари сина овехта мешавад.[1]

Манобеъ[вироиш]

  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Моддаи 14