Орифии Харавӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Тарчумаи хол[вироиш]

Махмуд Орифии Харави аз шоирони асри XIV-XV Хирот буда, соли 1388 (791 хичри) дар Хирот таваллуд ёфтааст. Доир ба чараёни зиндагии у маълумоти кофи дар даст нест. Шоир дар касидасарои табъи баланд дошта, газал ва рубои низ мегуфтааст. Азбаски дар сабки Салмони Совачи шеър месурудааст, уро Салмони Сони мегуфтаанд. Орифи Харави мисли Салмони Совачи дар шеъргуи тавоно, дар зиндаги пархезкор буда, мисли Салмон чашмони дардманд доштааст. У газалро неку мегуфт ва дар эҷоди касида ва рубои низ мохир буд. Газали у бо матлаъи

Аз гамзаи чодуи ту чун дид ишорат, Накди дилу дин чашми ту бирбуд ба горат.

дар бисер тазкирахо батакрор меояд. Орифи Харави «Дахнома» низ доштааст. Маснавии у «Холнома», ки дар бахри хазачи мукаддас (таълифаш 1442) навишта шудааст, бештар бо номи «Гуй ва Чавгон» машхур аст. Маснави дорои 500 байт буда, аз ишки дарвешу шохзодае, ки бо хам чавгон мебохтаанд, хикоят мекунад. Дарвеши дилреш аз ситами шохзодаи чафокор ба марг мерасад. Дар он чо услуби мунозира истифода шуда, ҳангоми тасвири холи кахрамонхо ташбеху истиора ва муболигаю игрок зиёд ба кор рафтааст. Дар васфи аспи чавгони мегуяд:

Хар гох, ки дар арак шуди гарк, Борон буди дар миёнаи барк.

«Холнома» -и Орифи Харави дар Лондон соли 1931 ба табъ расида, нусхаҳои каламии он низ бисер аст. Маснавии Хилоли «Шох ва Дарвеш» аз ҷиҳати мазмун ва гоя ба он каробат дорад. Орифи дар соли 1449 (853 хичри) вафот кардааст. Маркадаш дар Хирот воқеъ аст.

Газал[вироиш]

Аз гамзаи чодуи ту чун дид ишорат, Накди дилу дин чашми ту бирбуд ба горат. Эй хусрави хубон, ба гадоён назаре кун, Дарвешнавозист гули нахли аморат. Деринасароест ҷаҳон-дур зи шоди, Ин кухна работест мубарро зи иморат. Гулгунаи рухсор зи хуноби чигар соз, Дар мазҳаби ушшок чуз ин нест тахорат. Гар Орифии дилшударо банда шумори, Аз сидк дуогуй бувад рӯзи шуморат.

Аз «Гӯю чавгон»[вироиш]

«Холнома» ё «Гӯю чавгон» аз муносибати дарвеше бо шохзодае накл мекунад. Аммо таваччухи Орифи бештар ба тавсифи гую чавгон чалб шудааст.

Рӯзе, ки зи мавсими бахорон Буд абр, вале набуд борон, Хуршед зи абр парда баста Дар хиргахи гунча гул нишаста. Фарроши сабо бисотруфта, Хар суй шукуфае шукуфта. Гул гарра ба хубруии хеш, Булбул ба сурудгуии хеш. Дар об фитода изтиробе, Гуӣ шуда рост хар хубобе. Об аз сари лутфу мехрчуи, Булбул ба ҳазор тозагуи, К-эй омада, дар баробари ман, Биншин, ки наи ту дархури ман. Бо ман ту баробарӣ чи чуи, К-аз давлати ман ба обруи? Фатхи ту бувад зи ман ба хар боб, Дар чайби ту ман кунам дури ноб. Ту пастраву ман баландпоя, Бар фарки ту аз ман аст соя… Фарке ба туам, ки дар миён аст, Мобайни замину осмон аст. Ман доираам зи гавхари пок, Ту нукта, вале зи нуктаи хок. Бозори ман аз чароги кавкаб, Хам рӯз музайян асту хам шаб. Фирӯзии ман зи мехру мох аст, З-онам шабу рӯз кадру чох аст… Об аз сари лутфу мехрчуи, Булбул ба ҳазор тозагуи. Ин руй ба пои гул нихода, В-он дар кадами суман фитода… Сахро хушу дилкашу ҳаво хаш, Аз хубии он ҳавои дилкаш. Андешаи гашт дар сараш гашт, Рафтам чу сабо ба азми гул гашт. Ногах гузарам фитода чое, Чун боги бихишт дилкушое. Хар су суманеву ё самине, Чун гулшани осмон замине. Гардун чу назар дар он замин кард, Аз мехр гузашту касди кин кард. Гардид кабуду пас барошуфт. В-аз гояти кибр бо замин гуфт: «Ман, к-аз ту ба дил губор дорам, Не рӯзу на шаб карор дорам». Инхо ба замин чу осмон гуфт, Ларзид замону дар замон гуфт. «Ё, сангдилию тирарои, Дар маърази ман ту чун дарои. Аз кавкаб агар музайяни ту, Ё аз маху мехр, равшани ту». Ман низ ба даври лолаву гул, Дорам зи ту бештар тачаммул… Чун чашмаи мехр медурахшанд, Обе, ки хаёти Хизр бахшанд . Гар хаст туро нучум зохир, Оростаам, ман аз чавохир. Гар кавкабаи ту аз баландист, Дар пастии ман сад арчумандист. Ман гуям, агар ту савлаҷони Бар ман зи чи хинг медавони? Харчанд турост худнамои, Боре хама гирди ман барои. Ин чо чи макоми худнамоист, Пайдост, ки сухан ҳавоист? Гар фаррухият зи моху мехр аст, Фахрам зи бутони мохчехр аст, З-он руй, ки хоки пои шохам. Ин бас бувадам, ки абраши шох, Чун об кунад ба руи ман рох. Чун хаст сад обру аз инам, Руи ту равост бар заминам. Чун гуфт замин чавоби гардун, Дидам, ки чу офтоб гардун. Аз хар тарафе савори дигар, Гулруи суманузори дигар. Чавлон дода саманди този, Машгул ба шугли гуйбози. Дар дасти чу сим, хар чавоне Буд аз зари ноб савлчоне. Он сар ба фалак чу саври суда, Ин майл чу шохи гул нихода. Он чониби куй руй карда, Касди задубурди гуй карда. Ин чобукии дигар намуда, Дар гуй задан хунар намуда. Он гуй зи пеши ин рабуда, Ин лаъби дигар ба у намуда. Хар гуй, ки ин зи рох бурда, Он бар сари чойгох бурда. Бахри задану рабудани гуй Дидам, ки ду савлчон зи хар суй Куллобсифат фитода дархам, Андохта хаме чу зулф бар хам. Чавгон шуда ҳамчу сояворе, Девона зи дасти хар саворе. Дар тоби хар офтобруе Гуй аз сари хол карда хуе. Алкисса чу он бисот дидам, Чамъи хама дар нишот дидам. Сад гуна хаёл дод дастам, Дархол миён ба фикр бастам. Чун гуй ба гушае давидам, Чун ташна забони худ кашидам. То гуи сухан тарошам аз чон, Дар хидмати шах барам ба майдон. Шохе, ки чу баргириф чавгон, Мах гуй шаваду сипех майдон. Чавгон шах, ки дар такопуй , Аз тавсани чарх мебарад гуй. Дар часианаш ар зи сар кашиди, Бар гуи сипехр бардавиди. Чун гуи сипехр кард пасти, Майдон, майдон чу гуй части. Хар гох , ки дар миёни барк, Борон будию дар миён барк… Шохзодаи Чин зи хоб бархост, Чу мох ба рух ҷаҳон биёрост. Пушида яке кабои чини, Дар гояти лутфу нозанини. Бар фарк ниходи точи заррин, Барбаст камар зи руи тамкин. В-он руй буди чу офтобаш, Он рӯз ба рафтан изтиробаш. Зин гуфт ниханд бар самандаш, К-аш буд сипехр наълбандаш… З-ин гармрави фаррохгоми, Ороста аз зараш лачоме. Гардун карди заминнаварди, К-аш чашмаи мехр об х(в)арди Чун бод агар набуд карораш, Шахзода чу бод шуд савораш. Пешу пасаш аз бутони шохи, Хар як чу ситораеву мохе. Ба душ гирифта хар чавоне, Монанди хилол савлачоне. Дар хусн зи мах зиёда буданд, Хам бозии шохзода буданд. Ин халкаи зар кашида дар гуш, Он халкаи зулф бар баногуш. Ин зулфи сиёҳ тобдода, Он ханчаре гамза об дода. Ин тарфи кулох баршикаста, Он бар гул тар кулола баста. Ин даст зи сим тоб бурда, Он гуи зи офтоб бурда. Ин гуй намуд аз занахдон, Он аз сари карда чалгон. Ин парда аба зех камони абру, Он карда гирех каманди гесу. Ин сафшикани бутон Чини; Он гайрати луъбатони Чини… Ин бурда ба куи сим габ-габ, Сад накш, к-аз у ба мохи нахшаб, Ин бурда зи луъбати хитои, Сад бори дигар ба дилрабои. Шахзодаву он бутон, ки буданд, Чун моху ситора менамуданд. Шахзода чу аз канори майдон, Андохт назар ба гую чавгон. Чагон сари худ ниход бар даст, Гуй аз шодди зи чой бар часи. Дар хидмати ин бутони махруй, Ором надошт бар замин гуй, Гуё, ки шах аз миён рабуди, Андар хами савлчон намуди. Чавгон хилолу гуй гардун, Бо сурати нуну нуктаи нун …. Шахзодаву тоби гуйбози, Дарвешу чу шамъ чон гудози. Шохзодаву гуй хол кардан, Дарвешу самову хол кардан. Шохзода ба куи хусн маъзур, Дарвеш ва ишкбози аз дур. Шах гузадиву хол гуфти, Дарвеш ба сад хаёл гуфти; Кошам сару дида гуй буди, То шох ба савдачон рабуди. Ногох нигохи шохзода, Афтод бар он зи по фитода. Сад шухиву дилбари намудаш, Аз гояти чобуки, ки будаш. Гуё зи карашма суяш андохт, Он гох ба ноз бар сараш тохт. Бар хок нишаста буд дарвеш, Андохт сипар чу савлаҷон пеш. Оташзада буду музтарибхол, Афтода чу лола бар замин лол…