Ориф Амирзода
Намуди зоҳирӣ
Ориф Амирзода | |
|---|---|
| Амирзода Ориф Ҳамид | |
| Таърихи таваллуд: | 13 январ 1972 (54 сол) |
| Зодгоҳ: | Ноҳияи Ҷомӣ , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
| Шаҳрвандӣ: |
|
| Таҳсилот: | Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ (1995) |
| Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои техникӣ |
| Унвонҳои илмӣ: | дотсент |
| Ҳизб: | Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон |
| Навъи фаъолият: | вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII |
Ориф Амирзода (зод. 13 январ 1972, ноҳияи Хоҷамастон, Вилояти Қӯрғонтеппа) — олим, эколог, доктори илмҳои техникӣ (2022),[1] арбоби давлатии тоҷик, вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII. Дорандаи нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Амирзода Ориф Ҳамид 13 январи соли 1972 дар ноҳияи Ҷомӣ, вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Соли 1995 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимиро бо ихтисоси муҳандис – сохтмончӣ (аз рӯи ихтисоси “Обтаъминкунӣ ва рафъи партовобҳо”) хатм кардааст.
- Солҳои 1995-1999 – Ассистенти кафедраи Бехатарии фаъолияти инсон ва экологияи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ.
- Солҳои 1999-2003 – Муаллими калони кафедраи Бехатарии фаъолияти инсон ва экологияи Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ.
- Солҳои 2003-2006 – Иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи Бехатарии фаъолияти инсон ва экологияи Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ.
- Солҳои 2006-2007 – Декани факултети «Технологияи кимиёвӣ ва металлургия» - и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ.
- Солҳои 2007-2013 – Декани факултети «Сохтмон ва меъморӣ» - и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ.
- Солҳи 2013-2017 – Муовини ректор оид ба масъалаҳои иқтисодӣ-иҷтимоии Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ.
- Солҳои 2017-2020 – Мудири Шӯъбаи идоракунии «Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе» дар назди КВД “Обу корези Душанбе”.
- Аз 01.05. 2020 то 13.08.2020 – Мудири Лабораторияи “Экология ва рушди устувор”- и Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
- Аз 13.08.2020 с. то 2025 – Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 13 - уми августи соли 2020 таҳти №447 дар вазифаи Директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият мекунад.[2].
- Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъватҳои V (2015-2020) ва VI (2020-2025). Аз соли 1999 то инҷониб аъзои Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон.[3].
- 2 марти соли 2025 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII аст. 19 марти соли 2025 Раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст.[4].
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Дорандаи нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ ДАРАҶАИ ИЛМӢ МУБОРАК!(тоҷ.). ttu.tj (2022). 9 май 2024 санҷида шуд.
- ↑ Амирзода Ориф Ҳамид Директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон(тоҷ.). imoge.tj (2022). 9 май 2024 санҷида шуд.
- ↑ Амирзода Ориф Ҳамид Директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон(тоҷ.). imoge.tj (2022). 9 май 2024 санҷида шуд.
- ↑ Амирзода Ориф(тоҷ.). www.parlament.tj. 7 июли 2025 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
Гурӯҳҳо:
- Зодагони 13 январ
- Зодагони соли 1972
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Ҷомӣ
- Докторони улуми техникӣ
- Сиёсатмадорон аз рӯи алифбо
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи сиёсатмадорон
- Зодагони Иттиҳоди Шӯравӣ
- Олимони Тоҷикистон
- Техникашиносони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ
- Олимони асри XXI
- Вакилони Маҷлиси Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII