Ориф (хонанда)
Ин мақола дар бораи як фарди тозадаргузашта аст. |
Ориф (хонанда) | |
|---|---|
| форсӣ: عارف عارفکیا | |
| | |
| Иттилооти асосӣ | |
| Таърихи таваллуд | 10 августи 1940 |
| Зодгоҳ | |
| Таърихи даргузашт | 20 марти 2026[1] (85 сол) |
| Маҳалли даргузашт | |
| Солҳои фаъолият | 1961 — 2026 |
| Кишвар | |
| Пеша(ҳо) | овозхон, ҳунарпеша |
| Сабк | мусиқии поп |
| Ношир(он) | Avang Music[d], Caltex Records[d], Taraneh Records[d] ва Fake Slap[d] |
Ориф Орифкиё (форсӣ: عارف عارفکیا; зод. 10 августи 1941[3]— даргузашт 20 марти 2026) хонандаи мусиқии попи эронӣ буд.[4] Ориф ҳудуди 900 тарона иҷро намудааст[5], ки илова бар форсӣ ба забонҳо ва лаҳҷаҳои мухталиф низ иҷро шудаанд.[6]
Зиндагии шахсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Таваллуд ва кӯдакӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]
Ориф Орифкиё аз падару модаре бо асолати ардабилӣ; 15 августи 1940 (19-и мурдоди 1319 хуршедӣ) дар Теҳрон мутаваллид шуд.[7] Модараш зода ва сокини Боку буд ва дар Донишгоҳи Маскав риштаи дандонпизишкиро гузаронда буд; ҳамчунин бибиаш (модаркалонаш) опера мехонд ва алоқаи фаровоне ба ашъори туркӣ дошт.[8]Бо шурӯи Ҷанги ҷаҳонии дувум бисёре аз хонаводаҳои эронӣ ба ҷануби Арас (Эрон) кӯчонида шуданд. Падари Ориф низ ронандаи мошини боркаш буд. Падару модараш аз ҳам ҷудо шуданд. Ориф хоҳару бародарони дигаре ба номҳои Муҳаммадризо, Алиризо ва Шаҳрзод низ дорад.
Интихоби шуғл
[вироиш | вироиши манбаъ]Ориф пас аз дарёфти диплом, ба унвони дабир ба ҳунаристони саноатии Қазвин муаррифӣ гардид. Пас аз 2,5 сол, Ориф ҳини бозгашт аз Қазвин дучори сонеҳаи нақлиётӣ шуда ва аз ноҳияи пушти гӯш ва қафаси сина ба шиддат захмӣ мешавад.
Издивоҷ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ориф 4 бор издивоҷ карда, ки ҳосили онҳо 4 духтар аст, ки дар Аврупо ва Амрико зиндагӣ мекунанд. Ӯ ҳамчунин як писар ба номи Суҳайл дошт, ки дар синни 41-солагӣ даргузашт.
Фаъолиятҳои ҳунарӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аввалин ҳузури ҳирфаии Ориф дар телевизион дар соли 1961 (1340 хуршедӣ) дар барномае ба номи «Рангинкамон» буд. Таронаи дусадоии ӯ бо Пурон бо номи «Дида дида» ба ҳадде мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт, ки бори дувум дар ҳамон барнома иҷро шуд.
Иқомат дар Лондон ва Лос-Анҷелес
[вироиш | вироиши манбаъ]Ориф соли 1979 Эронро тарк кард ва ба Лондон рафт. Иқомати ӯ дар Лондон 2,5 сол тӯл кашид. Сипас ба Лос-Анҷелес рафт ва беш аз 10 албоми мусиқӣ мунташир кард.
Дискография
[вироиш | вироиши манбаъ]Ориф то ба ҳол ҳудуди 900 тарона хондааст. Бархе аз таронаҳои ҷадиди ӯ иборатанд аз:
- Ки беҳтар аз ту (2016)
- Буғзи дарё (2015)
- Гиря макун (2014)
- Ишқ (2014)
- Оромш (2012)
- Халиҷи Форс
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ درگذشت عارف عارفکیا: سلطان قلبها نوروز جنگی را ندید — Radio Zamaneh.
- ↑ Голос Америки — Вашингтон Ҳавзаи Колумбия: 1942.
- ↑ Aref Arefkia Official Site | Aref Records. Biography | Aref Arefkia Official Site | Aref Records (en-US). arefrecords.com. 21 марти 2026 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 30 июни 2018.
- ↑ Iranian Music: Aref Arefkia. iranchamber. 6 августи 2025 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 апрели 2025.
- ↑ Беҳзод Булур. Ориф: 20 дақиқа бо хоки Эрон фосила дорам(форсӣ). Би-би-си Форсӣ (4 октябри 2013). 6 августи 2025 санҷида шуд.
- ↑ Aref Arefkia - мусоҳиба бо маҷаллаи Тамошо(форсӣ). facebook. 6 августи 2025 санҷида шуд.
- ↑ Biography. aref-music.persiangig.com. 4 Декабри 2021 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
- ↑ Ashkan Rouzbahani. Aref Arefkia part 1 (21 июни 2012). 6 августи 2025 санҷида шуд.
Пайвандҳои беруна
[вироиш | вироиши манбаъ]Вебгоҳи расмии Ориф Орифкиё Бойгонӣ шудааст 16 июли 2017 сол.