Оркестри созҳои халқӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Оркестри созҳои халқӣ — коллективи сершумори мусиқанавози созҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Оркестри созҳои халқии тоҷикии ҳозира аз 5 гурӯҳи асосӣ иборат аст.

  • Аз рӯи партитура: созҳои нафасӣ (найи хурд, найҳо, сурнайҳо, дунайҳо), одатан ҳар кадоми аз ин созҳо навозиши (партияи) мустақили худро доранд ва дар оркестр садодиҳии регистри овозҳои баландро таъмин менамоянд;
  • ба гурӯҳи созҳои тории зарбӣ (чангҳо, чанги бас) дохил мешаванд, ки садои пурқуввату ҷарангосӣ дошта, аз ҷиҳати техникӣ хеле пешрафтаанд;
  • созҳои тории мизробӣ (рубобҳои прима, қошғарӣ, бадахшонӣ, дуторҳо, дуторҳои бас, контрабас) регистри пурраи садодиҳии оркестрро аз регистри паст (дутори контрабас) то регистри баландро (рубоби прима) фаро мегиранд;
  • ба гурӯҳи созҳои зарбӣ (нағораҳо, дойра, таблак, сегӯша, дафча ва ғайра) дохил мешаванд ва вазифаи асосии онҳо нигоҳ доштани ҳаракатҳои ритмӣ мебошанд;
  • ба гурӯҳи созҳои камончадор (ғижакҳо, ғижакҳои алт, бас, контрабас) дохил мешаванд ва ин гурӯҳ (мисли квинтети оркестри симфонӣ) пояи оркестро ташкил медиҳад. Гурӯҳи тории камончадор бо садои фораму дилнишин, имкониятҳои динамикӣ (серҳаракатӣ) ва тарзу услубҳои (штрихҳо) бояшон садои умумии оркестрро рангинтар месозанд. Партияи созҳои якканавозӣ, ҳофизон дар партитура аз аз болои созҳои тории камончадор навишта мешаванд.[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Амонов Р. Очерки эҷодиёти даҳанакии Кӯлоб (Дар асоси материалҳои фолклори Сари Хосор). - Д., 1963;
  • Зеҳниева Ф. Сурудҳои маросими тӯи тоҷикон. - Д., 1978;
  • Вызго Т. С., Музыкальные инструменты Средней Азии //Исторические очерки, М., 1980;
  • Петросян А. И., Инструментовидение// Узбекские народные инструменты, Т., 1980; Ҷумъаев Ҳ., Охунов Ҷ., Дарси ғижак, Д., 1983.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.290. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)