Осорхонаи адабии Турсунзода
Ёдмон | |
Кишвар | |
---|---|
Дата основания | 21 март 1978 |
Осорхонаи адабии Турсунзода — осорхонаи ёдгорӣ-адабии Мирзо Турсунзода, ки бо қарори КМ ҲК Тоҷикистон ва Совети Вазирони ҶШС Тоҷикистон 21 марти соли 1978 дар хонаи шоир шаҳри Душанбе, (кучаи Л. Шерали 79) таъсис ёфтааст. Осорхона соли 1981 дар рӯзҳои ҷашни 70-умин солгарди таваллуди Мирзо Турсунзода барои тамошобинон кушода шуд. Дар даромадгоҳи Осорхона мизи кории Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода гузошта шудааст, ки он аз китобҳо, медалҳо, телефони корӣ ва дигар ашёе, ки худи шоир дар зиндагиашон истифода намудаанд, иборат мебошад. Дар бинои дигари ин осорхона санъати ҳунарҳои мардуми деҳаи Қаратоғ ҷо гирифтааст. Муҳаққиқ Руҳулло Ҷӯрабоев мегӯяд “Касбу косибӣ пешаи ҳунармандони ин деҳа аст. Ҳар як касб ба худ ному хусусияти худро дорост. Мардуми ин деҳа зиёда аз 95 касбу кори гуногун доштанд”. Қаратоғ аз аҳди Кушониён то садаи XV, яъне то кушодашавии роҳҳои баҳрӣ яке аз шохаҳои тиҷорати “Роҳи Абрешим” маҳсуб ёфта, Самарқанду Бухоро ва дигар ноҳияҳоро бо ҳам мепайваст. Далели ин гуфтаҳо он аст, ки аз мавзеъҳои харобгаштаи деҳаи Қаратоғ зангулаҳои корвони шутурҳо, зарфҳои чинӣ, мисин, шишаву оина ба даст омадаанд. Ва онҳо имрӯз бо номи табақу коса ва пиёлаи қошғарӣ дар Осорхона ва хонаҳо ҳифз карда мешаванд. Яке аз харитаҳои “Роҳи Абрешим” дар ин осорхона боқӣ мондааст”.[1]
Дар назди осорхона маркази осорхонаҳои адабӣ амал мекунад, ки дар он шуъбаҳои Осорхонаи адабии Айнӣ ва Осорхонаи адабии Лоҳутии шаҳри Душанбе дохил мешаванд.[2]
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Осорхонаҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлол: Феҳристи адабиёт / Мураттиб ва муаллифи мақолаи муқаддимавӣ Ф. Шарифзода; Муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: Бухоро, 2013. – 224 с.– Матн ба заб. тоҷ., ва руси.