Отахони Латифӣ

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи


Отахон Латифӣ
Отахони Латифӣ
Noimage.svg
Зодрӯз 1938
Зодгоҳ ш. Панҷакент
Даргузашт 22 сентябри соли 1998
Вазифа хабарнигор

Отахон Латифӣ соли 1938 дар шаҳри Панҷакент дида ба ҷаҳон кушода, касби хабарнигориро дар донишгоҳи шаҳри Ленинград, Санкт-Петербурги кунунии Русия меомӯзад. Отахони Латифӣ дар солҳои шастуми асри гузашта вориди майдони матбуот шуда, ибтидо дар рӯзномаи Комсомолская Правда ва баъдан то поёни солҳои 80 ба ҳайси хабарнигори рӯзномаи Правда, органи Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон фаъолият мекунад ва бо гузашти андак вақт ба ҳайси як хабарнигори забардаст дар майдони матбуоти шӯравӣ муаррифӣ мешавад.[1] Латифӣ доимо масъалаҳои гуногуни рӯзмарраи Тоҷикистонро ҳамчун хабарнигори рӯзномаи Правда менавишт ва орзу дошт,ки мушкилоти онхо хал мешаванд. Дар давраи сиёсати бозсози ва ошкорбаёни у чонибдори ислохотҳои демократи мегардад.Дар интихоботи вукалои мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ дар баҳори соли 1989, ки бори аввал ба сурати алтернативӣ мегузашт, бештари курсиҳоро аз ҳавзаҳои Тоҷикистон низ ёрони Латифӣ ба даст оварданд. Аммо худи ӯ дар ин маърака бо фарқи хеле ночизе, ки ба бовари тарафдоронаш, натиҷаи тахаллуфи мақомот буд, дар ҳавзаи Роҳиоҳани Душанбе мағлуб мешавад. нимаи дуввуми солҳои 80 ӯ як силсила мақолотеро дар рӯзномаи "Правда" ба чоп расонд, ки бисёр корҳои ношоями дастгоҳи ҳизби коммунисти Тоҷикистонро фош кард. Ва ҳукумату раҳбарияти ҳизби коммунисти Тоҷикистон роҳҳоеро ҷустуҷӯ мекарданд, ки ӯ аз рӯзномаи "Правда" равад. Лекин онҳо муваффақ нашуданд. Аз ин рӯ, ҳукумати Тоҷикистон ба ҳамин тадбир расид, ки ӯро ба ҳайъати ҳукумат ҷалб кунаду бо ҳамин аз ин ҳизби мухолиф дар як шахс худро халос кунад. Устод Латифӣ ба ҳукумат барои пулу мол наомада буд, қасдаш хидмат ба мардум ва ба давлати Тоҷикистон буд ва дар ин роҳ хеле муваффақ ҳам шуд."

Дар пайи истеъфояш аз ҳайъати ҳукумат Латифӣ ба мақоми раиси Иттиҳодияи хабарнигорони Тоҷикистон нишаста, ҳамзамон дар ҳамроҳӣ бо тоҷири тоҷиктабори муқими Финландия Алексей Сафаров ширкатеро бо номи "Зарфин" таъсис медиҳад, ки дар андак фурсат ба як ширкати хеле матраҳ дар майдони тиҷорати Тоҷикистон табдил меёбад.[1]

Дар баҳори соли 1992 аммо Латифӣ барои чанд рӯз ба майдони сиёсат бармегардад ва бо миёнҷигии ӯву Акбари Турсон ва Лоиқи Шералӣ мухолифати байни ду майдони Шаҳидону Озодӣ поён ёфта ва ҳукумати муросои миллӣ ташкил мешавад. Отахони Латифӣ ҳамеша талош дошт, аз ҷиҳатгирӣ дар он ҳаводиси пуршӯр парҳез кунад ва ҳамон як нафари холис, яъне ЖУРНАЛИСТ боқӣ монад. Аммо талотуми ҳодисот дигар ба гунае буд, ки тақрибан ҳамаро ба гирдоби худ фурӯ мекашид.

Сарчашма[вироиш]

  1. 1.0 1.1 Радио Озодӣ 18.03.2006 . "Қиссаҳои Бедорӣ: Парвандаи нотамоми куштори Отахони Латифӣ . http://www.ozodi.org/content/article/604808.html.