Оташпарастӣ
Оташпарастӣ — дини бостонии аҷдодӣ, ки заминаи асосии онро парастиши Оташ, саҷда ба он ташкил медод. Оташпарастӣ дар аҳди қадим, дар натиҷаи моҳияти махсус пайдо кардани оташ дар ҳаёти мардуми бостонӣ пайдо шудааст. Шаклҳои мухталифи Оташпарастӣ дар аҳди қадим дар Эрону Турон интишор ёфта буданд. Дар тасаввури зардуштиён Хуршед манбаи ду хайри азим – гармо ва равшанист. Дар андешаҳои онҳо Хуршед (офтоб) дар сурати олиҳаи зебое дармеояд, ки соҳиби муъҷизот (нурафшонӣ, ҳайётбахшӣ) буд. Аз ин рӯ, офтоб лаҳзаи офариниш шуд ва минбаъд гармою равшанӣ бо роҳи нурафшонии доимӣ (афрӯхтани оташ) ҳосил гардид. Ба тахмине ҳамин тавр аз парастиши офтоб парастиши оташ ба вуҷуд омад. Дар дини зардуштӣ оташ аз маъмултарин рукни оин буд. Дар китоби "Авесто" оташро панҷ навъ мешуморад, ному мазмуни онҳо дар “Ясно” инчунин дар "Бундаҳишн” нақл шудааст. Ҳар як навъи оташ доираи муайяни истифода дорад. Масалан, берези саваҳ - оташи маъбад аст ва дар рӯзгори муқаррарӣ ба кор меравад; воҳуфрийона - оташест, ки дар ҷисми мардум ва ҷонварон аст; урвазншта - оташест, ки дар наботот ниҳон аст; вазншта - оташи абр (барқ) аст ва охирин спаништ аст, ки дар гарзамон дар ҳузури Аҳуро Маздо месӯзад. Оташи мушаххасро (мувофиқи Авесто Озар) писари Аҳуро Маздо (Ҳурмузд) мехонанд.
Дар дини Зардуштия парастиши оташ бо таълимоти ахлоқӣ махлут гаштааст. Оташ (дар қатори хоку об) поктарин унсур аст, ки аз ин рӯ, вай рамзи ин оин шудааст. Дар зардуштия оташ манбаи зебоӣ ва асоси ҳаёт, душмани сукуту карахтист. Аз ин рӯ, ҳар муғ мисли оташ фаъол буда, то поёни умр бояд аз кору меҳнат даст барнадорад. Зардуштиён оташпарастии худро қоил нестанд, зеро оташро рамзи Аҳура Маздо медонад. Бо вуҷуди он Оташпарастӣ дар байни омма таъсири амиқ дошт ва унсурҳои онро дар рӯзгор то имрӯз мушоҳида кардан мумкин аст. Дар атрофи гулхан давр задани арӯсу домод, баҳорон дар Наврӯз аз болои гулхан ҷаҳидан ва ғ. аз боқимондаи Оташпарастии зардуштианд. Парастиши оташдони хона низ бо Оташпарастӣ вобаста аст. Парастиши оташ инчунин дар нигоҳ доштани оташи “ҷовид” зоҳир гардид ва баъд аз он ки тавассути соиш оташ афрӯхтанро ёд гирифтанд, парастиши он авҷ гирифт.
“Ҳоло ҳам, - қайд карда буд Ф. Энгелс, - дар аксарияти мамлакатҳои аврупоӣ хурофоти халқӣ дар бораи он ки оташи муъҷизаовар... фақат ба воситаи соиш афрӯхта мешавад, вуҷуд дорад”— (Маркс К. и Энгелс Ф., Соч., т. 20, с 430).
Дар масеҳият эътиқод ба моҳияти фавқуттабии Оташ дар афрӯхтани шамъ ва чароғи махсус (лампада) дар назди уқнум зоҳир , мегардад.[1]
Донишманди машҳури инглис Ҷеймс Ҷорҷ Фрэзер (1854-1941) дар бахшҳои ҷудогонаи яке аз китобҳои машҳури худ таҳти унвони «Шохаи тилоӣ» ба таври муфассал дар бораи эҳтироми мардум ба Оташ ва ҷашни оташ дар кишварҳои аврупоӣ ва дигар мамлакатҳо сухан мегӯяд. Дар баробари ин чи гуна бо рӯзгори мардум пайванд будани оташро шарҳ дода, ҷойгоҳи муҳим доштани онро дар ҳаёти моддию маънавии одамон равшан менамояд. Зимнан чун намоди ҷашнӣ ба кор рафтани оташро низ таъкид намуда, ишорат бар он менамояд, ки Оташ ин як навъ инъикоси рамзии Хуршед (офтоб) аз ҷониби одамон дар рӯи замин аст.[2]
Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
![]() |
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |