Оташфишонхезӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Оташфишонхезӣ (форсӣ: آتشفشان‌خیزی ‎), вулканизм (англ. Volcanism) — маҷмӯи равандҳо ва ҳодисаҳое, ки аз ҷойивазкунии магма дар умқ ва сатҳи Замин ба амал меоянд.

Оташфишонхезӣ дар шароити гуногуни геодинамикӣ рух медиҳад. Дар платформаҳо бештар ҷоришавии дохилитахтасангии базалтҳо ба амал меояд, ки ҳаҷмашон хеле бузург буда, аз тарқишҳо ва вулканҳои сипаршакли марказӣ берун мерезанд. Мафҳуми оташфишонхезии ҳудудӣ ба воситаи роҳҳои сершумори кашонанда ба сатҳи хушкии замин, қаъри баҳру уқёнусҳо баромадани магмаро ифода мекунад.

Нишонаҳои хосси оташфишонхезӣ дар рӯйи Замин оташфишонҳоянд.

Дар қаъри Замин оташфишонхезӣ дар шакли интрузияҳо (ҷойгиршавии массаҳои зиёди магма дар пӯстаи Замин) зоҳир мегардад. Дар ин гуна ҳолатҳо аз ҳарорати баланд ва таъсири кимиёии магмаи гудохта ҷинсҳои атроф хеле тағйир меёбанд. Тахмин меравад, ки пайдоиши танӯраҳои Моҳ низ ба ҳодисаҳои оташфишонхезӣ вобаста мебошад.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Тазиев Г. Вулканы. М., 1963;
  • Володавец Оташфишонхезӣ И. Вулканы Земли. М., 1975;
  • Макдоналд Г. Вулканы. М., 1975;
  • Володавец Оташфишонхезӣ И. Справочник по вулканологии. М., 1984;
  • Кравчук П. А. Рекорды природы. Л., 1993;
  • Новая российская энциклопедия. Т. IV (1). М., 2007.

Сарчашма[вироиш]