Оши туппа

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Оши туппа — як навъ таоми тоҷикӣ.

Барои оши туппа аз орди гандум ва оби намакдор хамири сахт тайёр карда (1–2 тухм ҳам меандозанд), 20–25 дақиқа дам медиҳанд. Баъд хамирро то 1,5–2 мм тунук карда, ба андозаи бараш 5 см ва дарозиаш 15 см тасма-тасма мебуранд. Баъд нами онро гурезонда, дар оби намакдор пухта мегиранд. Дар зарфи дигар гӯшти майда резакардаи гӯсфанд ё говро бо пиёз, сабзӣ ва помидор дар равған бирён мекунанд. Сипас аз болояш каме об андохта меҷӯшонанд. Андаке пеш аз пухтан ба он картошка, нахӯд, қаламфур ва адвиёт ҳамроҳ карда, пиёздоғ ё қайла тайёр мекунанд. Оши туппаро, агар обдор бошад, дар коса, беоб бошад, дар табақ кашида, ба рӯяш қайла ва кабудӣ меандозанд. Дар зарфи алоҳида ҷурғот ё қаймоқ медиҳанд.

Оши туппа дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ном­ҳои гуногун дорад. Масалан, дар водии Зарафшон лахчак, дар Қаротегину Ҳисор ва Яғноб туппакашак, дар дигар мавзеъҳо туппатой ва ғайра меноманд.

Барои хамир 3 истакон орди гандум, 1 дона тухми хом, 1 истакон об, ним қошуқча намак, барои қайла 500 г гӯшт, 50 г намак, 200 г пиёз, 2–3 дона помидор ё 1 қошуқ қайлаи помидор, 500 г картошка, 2 дона қаламфури булғорӣ, мувофиқи табъ намаку адвиёт лозим аст.

Оши туппаи башир[вироиш | вироиши манбаъ]

Як навъи таоми ширии тоҷи­кӣ. Барои тайёр кардани оши туппаи башир аввал аз орди гандум, тухми мурғ ва об хамири сахт мемоланд ва барои расидан 20–25 дақиқа нигоҳ медоранд. Баъд хамирро тунук ва чин-чин ҳам таҳ намуда, ба тасмачаҳо тақсим мекунанд, тасмачаҳоро болои ҳам гузошта, чоркунҷаҳои андозаашон 4х4 ё 5х5 см мебуранд. Сипас ба дег шир андохта меҷӯшонанд, мувофиқи табъ намак илова менамоянд ва туппаҳои чоркунҷа буридашударо ба шири ҷӯшидаистода андохта, омехтакунон то пухтан 8–10 дақиқа меҷӯшонанд. Оши туппаро ба косаҳо кашида, ба болояш як пора равғани мас­ка мегузоранд. Барои тайёр кардани 6 хӯрд оши туппаи башир 25 г орди гандум, 1 дона тухми мурғ, 2400 мл шир, 60 г равғани маска, мувофиқи табъ намак лозим аст.

Оши туппаи дасткан[вироиш | вироиши манбаъ]

Барои оши туппаи дасткан хамирро мисли оши туппа тайёр мекунанд. Баъд онро на бо корд, балки бо даст мекананд. Хамире, ки бо даст мекананд, бештар муфид аст, чунки хосияти гармибахшӣ дорад. Оши туппаи дасткан айнан мисли оши туппа пухта мешавад. Барои тайёр кардани оши туппаи дасткан 250 г ор­ди гандум, 60 г равғани рустанӣ ё чарбуи обкарда, 200 г бехпиёз, 120 г сабзӣ, 120 г шалғам, 130 г картошка, 120 г қаламфури булғорӣ, 180 г помидори тару тоза ё 50 г қайлаи помидор, 200 г ҷурғот, 1 бандча кабудӣ лозим аст.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Аминов С. Ванукевич А. Таомҳои тоҷикӣ. — Душанбе, 1967.