Оқил Ҳамидов
![]() | |
Таърихи таваллуд | 6 октябр 1961 (61 сол) |
Зодгоҳ | |
Кишвар | |
Пеша | коргардон |
![]() |
Оқил Ҳамидов (6 октябри 1963, Душанбе) — наворбардор ва коргардони тоҷик.
Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]
Оқил Ҳамидов соли 1963 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Падари вай - собиқ раиси киностудияи “Тоҷикфилм” Обид Ҳамидов.[1] Соли 1984 Оқил Ҳамидов Донишгоҳи давлатии кинематографияи Маскавро аз рӯи ихтисоси оператори филмҳои бадеӣ ва мустанад хатм кардааст. Аз охири соли 1994 - дар шаҳри Вротслав муқимӣ гашта, ба забони лаҳӣ филмнома менависад ва соҳиби як студияи телевизионии худаш (Tako Media) мебошад. Оиладор, се фарзанд дорад.
Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]
Дар синамо дар якчанд филмҳо ҳамчун ҳунарпешаи нақш офаридааст. Дар Тоҷикистон наворбардори филмҳои
- “Доми шағолон”,
- “Кумир”,
- “Вақти хазон”,
- “Перестройка”.
Дар Лаҳистон коргардони филмҳои бадеии
- “Ишқи аввал” (барандаи ҷоизаи байналмилалӣ дар Швейсария, соли 2005),
- “Мавҷи ҷинояткорӣ” (Ҷоизаи “Сериали беҳтарини сол”, 2004),
- “Бюрои ҷиноӣ”,
- “Парвандаи хонаводаи Кепский” (Ҷоизаи “Мазҳакаи беҳтарини сол” - 2002),
ва диг.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ Хиромон Бақозода. Оқил Ҳамидов дар Полша аз $50 империяи телевизионӣ сохт // Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Апрел 30, 2015