Оқил Ҳомидов
Намуди зоҳирӣ
Оқил Ҳомидов | |
|---|---|
| |
| Таърихи таваллуд | 6 октябр 1961 (64 сол) |
| Зодгоҳ | |
| Кишвар | |
| Пеша | коргардон, филмноманавис |
Оқил Ҳамидов (6 октябри 1963, Душанбе) — наворбардор ва коргардони тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Оқил Ҳамидов соли 1963 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Падари вай — собиқ раиси киностудияи «Тоҷикфилм» Обид Ҳамидов.[1] Соли 1984 Оқил Ҳамидов Донишгоҳи давлатии кинематографияи Маскавро аз рӯи ихтисоси оператори филмҳои бадеӣ ва мустанад хатм кардааст. Аз охири соли 1994 — дар шаҳри Вротслав муқимӣ гашта, ба забони лаҳӣ филмнома менависад ва соҳиби як студияи телевизионии худаш (Tako Media) мебошад. Оиладор, се фарзанд дорад.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар синамо дар якчанд филмҳо ҳамчун ҳунарпешаи нақш офаридааст. Дар Тоҷикистон наворбардори филмҳои
- «Доми шағолон»,
- «Кумир»,
- «Вақти хазон»,
- «Перестройка».
Дар Лаҳистон коргардони филмҳои бадеии
- «Ишқи аввал» (барандаи ҷоизаи байналмилалӣ дар Швейсария, соли 2005),
- «Мавҷи ҷинояткорӣ» (Ҷоизаи «Сериали беҳтарини сол», 2004),
- «Бюрои ҷиноӣ»,
- «Парвандаи хонаводаи Кепский» (Ҷоизаи «Мазҳакаи беҳтарини сол» — 2002),
ва диг.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Хиромон Бақозода. Оқил Ҳамидов дар Полша аз $50 империяи телевизионӣ сохт // Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Апрел 30, 2015
