Оҳан
Оҳан (Fe)
ОҲАН (лот. Ferrum), Fe, элементи химиявии гурӯҳи VIII ҷадвали Менделеев; рақами ат. 26, массаи ат. 55,847. О. ба инсоният аз қадимулайём маълум аст. О. қариб 300 минерали оксидӣ, сулфидӣ, силикатӣ, карбонатӣ, фосфатӣ ҳосил менамояд.
О. дар организми одаму ҳайвонот дар раванди пайвастану ба бофтаҳо интиқол додани оксиген иштирок мекунад. О. фаъолияти узвҳои хунофарро меангезад, ҳамчун дору ҳангоми муолиҷаи камхунии оҳаннорасо, диатезҳои хунрез, лейкоз ва ғ. истифода мегардад. Изотопи радиоактиви он 59Fe ҳангоми тадқиқоти клиникӣ кор фармуда мешавад.
Дар организми одам 4 – 5 г О. мавҷуд аст: 70%-и ин миқдор дар таркиби гемоглобин, 5 – 10% дар таркиби пигменти нафаскашии мушакҳо (миоглобин) ва 0,1% дар таркиби плазмаи хун дохил мешавад; 20 – 25%-и О. дар организм дар шакли захира вуҷуд дорад. Миқдори О. дар зардоби хуни марди калонсол 120 мкг/100 мл, дар занҳо – 80 мкг/100 мл аст. Дар як шаборӯз бо пешоб 60 – 100 мкг О. хориҷ мешавад. Ҳангоми гемосидерози пӯст, гемохроматоз, баъзе шаклҳои камхунӣ, бемориҳои сироятӣ, сиррози ҷигар, уремия, омосҳои бадфарҷом ва ғ. дар таркиби зардоби хун миқдори О. якбора меафзояд (гиперсидеремия). Сиёҳолуи хушк, лӯбиё, ҷигари гов, нахӯд, марҷумак ва диг. ғизоҳо О.-и фаровон доранд.
Мубодилаи О. дар организм ба фаъолияти ҷигар вобаста аст. Бинобар ин аз рӯи миқдори О. дар таркиби зардоби хун метавон оид ба ҳолати ҷигар баҳо дод.
Инҷоро ҳам бингаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма:Энциклопедия-Каталог статей - ТГМУ им. Абуали ибни Сино http://www.tajmedun.tj/publ/ehnciklopedija/o/18(пайванди дастнорас)
Ин химия мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |
- ↑ (2016) «Atomic weights of the elements 2013 (IUPAC Technical Report)». Pure and Applied Chemistry 88 (3): 265–91. doi:10.1515/pac-2015-0305.
- ↑ (2003) «Fourier transform emission spectroscopy of the g4Δ-a4Δ system of FeCl». Journal of Molecular Spectroscopy 221 (2). doi:10.1016/S0022-2852(03)00225-X. Bibcode: 2003JMoSp.221..261R.
- ↑ Demazeau, G. (1982). «Recent developments in the field of high oxidation states of transition elements in oxides stabilization of Six-coordinated Iron(V)». Zeitschrift für anorganische und allgemeine Chemie 491: 60–66. doi:10.1002/zaac.19824910109.
- ↑ Lu, J. (2016). «Experimental and theoretical identification of the Fe(VII) oxidation state in FeO4−». Physical Chemistry Chemical Physics 18 (45): 31125–31131. doi:10.1039/C6CP06753K. PMID 27812577. Bibcode: 2016PCCP...1831125L.