Оҳангарӣ
Оҳангарӣ (порсӣ: آهنگری ) – яке аз касбҳои маъмули тоҷикон аст, ки то ба имрӯз идома дорад. Сабаби як андоза бардавом будани ин пеша ниёз ва талаботи мардум ба маҳсулоти оҳангарӣ аст. Дар гузашта устохона ё корхонаҳои оҳангарӣ дар ҳар як шаҳру деҳаҳо мавҷуд буданд. Чуноне, ки дар рисолаи ин касб омадааст, оҳангарӣ аз чиҳилу як ҳунар иборат буда, ҳар яке аз дигаре фарқ дорад, яъне устои каландгар, мехгар, мисгар, дегрез, наълкӯб, кордсоз, қуфлсоз ва амсоли инҳо.
Рушди истеҳсоли маснуоти оҳангарӣ дар охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ дар шаҳру навоҳии тоҷикон бештар мушоҳида шудааст. Зеро пас аз ҳамроҳ шудани Осиёи Марказӣ ба ҳайати Русия воридоти ашёи хом, аз ҷумла, оҳан меафзояд. Аз он пештар масъалаи дарёфти ашёи хом барои оҳангарони деҳот хеле мушкил буд. Дар Шуғнону Вахон бинобар камчин будани оҳан наъли аспонро аз шохҳои бузи кӯҳӣ тайёр мекарданд. Дар Ванҷ оҳанро бо роҳи гудохтани маъдани кӯҳӣ ба даст меоварданд. Оҳангарони ванҷӣ оҳани истеҳсолшударо ба се навъ ҷудо мекарданд: навъи якум ё беҳтарини он қурч ном дошта, барои сохтани корд, поку, табар, теша, дос ва дигар олоти теғадор ба кор мерафт. Навъи дуюмро нармоҳан меномиданд, ки аз он наъл, мех, зулфаки дар ва монанди инҳоро месохтанд. Навъи севуми оҳан дорои сифати паст буда, барои рехтани поза ё оҳани ҷуфт истифода мешуд. Сӯзишвории асосӣ барои оҳангарон ангишти дарахтони сахтчӯб ба ҳисоб мерафт. Дар кӯҳистон ангиштро аз дарахтони арча, бурс ва баъзан аз ангат тайёр мекарданд. Олоти устохонаи ин касб аз кура, дами оҳангарӣ, саночи дам, сандон, кундаи чӯбӣ, новаи об, путк, гиро, анбӯр, каҷанбӯр, қалам ё сумба, хоиск ва ғайра иборат мебошад. Дар ҳар устохона ҳадди ақал як усто ва 2-3 нафар шогирдон кор мекарданд. Устои калон дар назди кураи оташ истода, бо анбур оҳанро дар оташ сурх мекард ва ҳамроҳи яке аз ҳамкорон ё шогирдон онро дар болои сандон бо путку хоиск зада, ба шакли дилхоҳ медаровард. Шогирди дигар банди саночи дамро мунтазам болову поён кашида, ба шуълаи ангишт бод медод, то ки оташ беист забона занад. Маҳсулоти сохтаи оҳангарон гуногун буданд. Аз ҷумла олоти кор: каланд, бел, теша, хоркантеша, табар, искана, исканатабар, новатеша, ҷоду, токбур, болға, анбӯр; асбобҳои рӯзгор – кафгир, дег, корд, оташгирак, зулфаки дар, мехча, даравши мукидӯзӣ, поку; олоти кишоварзӣ – дос, оҳани ҷуфт, гулмех, наъл бо мехаш ва ғайра истеҳсол мешуданд. Дар гузашта дар ҳар деҳа устоҳои оҳангар ба тариқи авлодӣ кор мекарданд. Дар деҳоти Дарвоз оҳангарон як маротиба дар як сол ҳақ мегирифтанд, он ҳам дар тирамоҳ, ҳангоми ғунучини ҳосил буд. Ҳар як деҳқон ба оҳангар як табақ гандум, як табақ тути хушк ва дигар маҳсулоти кишоварзию боғдорӣ медод. Як табақ дар байни мардум воҳиди вазн ба ҳисоб мерафт, ки он аз 8-12 тоқӣ иборат буда, ба 10-12 килограм баробар буд. Устоҳои оҳангар мушкилоти мардумро дар корҳои оҳангарӣ осон намуда, дар давоми сол ба онҳо олоти меҳнат сохта медоданд. Ҳоло оҳангарон чунин аҳдномаи ҳамкориро бекор карда, барои ҳар як хизматашон музди алоҳида мегиранд. Оҳангароне, ки касбро ба шогирдон меомӯхтанд, бо барпои маросими камарбандон ба онҳо фотиҳаи кори мустақилонаро медоданд. Муҳлати шогирдӣ тақрибан 3-4 сол идома меёфт. Шогирдон дар ин давра дар хонаи усто зиндагӣ ва бо ӯ кор мекарданд. Устод дар баробари омӯзонидани маҳорату малакаи оҳангарӣ инчунин ба шогирдон рисолаи касбро мехонд ва ё мазмунашро нақл мекард. Аз кору рӯзгори нахустин оҳангар, пири ин касб – ҳазрати Довуд ривоятҳо мегуфт. Дар навбати худ устоҳои оҳангар бояд ҳар сари чанд вақт дар хонаҳои худ зиёфат ороста, пешвои ин касб, устодон, муллоҳо ва ҳамкасбони худро ба он даъват мекарданд. Ин гуна маросим арвоҳи пирон ном дошта, ба хотири шод намудани арвоҳи гузаштагони ин касб барпо мешуд. Дар он пас аз таомхӯрӣ ҳатман рисолаи касби оҳангарӣ хонда мешуд, аз Қуръон оятҳо тиловат менамуданд. Дар солҳои ҳокимияти Иттиҳоди Шӯравӣ бархе аз устохонаҳо ба ҳайати колхозу совхозҳо даромада, ба устохонаҳои таъмири олоти кишоварзӣ табдил ёфтаанд.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. – Душанбе, 2014. – С. 52 - 55.