ТojNews

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
ТojNews
Таърихи таъсис сентябри 2009
Кишвар
Вебгоҳи расмӣ tojnews.org

«TojNews» (Оҷонси иттилоотии умумимиллии «Tojnews») — як оҷонсии мустақили хабарӣ дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби созмони ғайридавлатии мавсум ба «Индем» дар сентябри соли 2009 роҳандозӣ шудааст.

«ТojNews» чӣ тарҳ аст?[вироиш | вироиши манбаъ]

Оҷонсии иттилоотии умумимиллии «ТojNews» тарҳи нави Созмони ҷамъияти (СҶ) «ИНДЕМ» дар бозори иттилооти Тоҷикистон аст. Муҳимтарин хусусияти лоиҳаи «ТojNews» ин пешниҳоди молҳои хабарии гуногун на танҳо барои ВАО-и дигар, балки барои истифодабарандагони қаторӣ мебошад.

Саймуддин Дӯстов, раиси созмони иҷтимоии «Индем», дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки сомонаи «Tojnews» беш аз ду моҳ дар марҳилаи озмоиш ва санҷиш қарор дошт ва бо пушти сар кардани ин марҳила акнун шароит фароҳам омад, ки дар шабакаи ҷаҳонии Интернет ҷои пой пайдо кунад.[1]

Қатъи фаъолият[вироиш | вироиши манбаъ]

Оҷонсии иттилоотии «Азия-Плюс» 14 ноябри соли 2016 хабар додааст, ки Хадамоти Оҷонсии иттилоотии «ТojNews» бо қарори ҷаласаи муассис, созмони иҷтимоии «Индем» аз 14 ноябри соли 2016 фаъолияташро дар шабакаи Интернет қатъ намудааст.[2]

Аммо баъзе аз расонаҳо навиштанд, ки ҳам Tojnews ва ҳафтаномаи «Нигоҳ», ки мутааллиқ ба созмони «Индем» мебошанд, бинобар фишорҳои мақомоти Ҳукумати Тоҷикистон маҷбур шуданд, то дарҳои худро бибанданд[3].

Бозгашти дубора[вироиш | вироиши манбаъ]

Пойгоҳи Тоҷнюс 3 юми майи 2018 дар Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот тасмим гирифт баъд аз таътили иҷбории 18 -моҳа дубора дар хидмати мардум бошад[4].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]