Jump to content

Павел Батитский

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Павел Батитский
укр. Павло Федорович Батицький
русӣ: Павел Фёдорович Батицкий
Зодрӯз 27 июн 1910(1910-06-27)[1]
Таърихи даргузашт 17 феврал 1984(1984-02-17)[1] (73 сол)
Мансубият
Солҳои хидмат Soviet Ground Forces[d] ва Soviet Air Defence Forces[d]
Қисм Marshal of the Soviet Union[d]
Равобит
 Парвандаҳо дар Викианбор

Павел Фёдорович Батитский (укр. Павло Федорович Батицький; 27 июн 1910[1], Харкив17 феврал 1984[1], Маскав) — ходими ҳарбии шӯравӣ, Маршали Иттиҳоди Шӯравӣ (1968). Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ (1965).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз соли 1929 дар хидмати ҳарбӣ. Хатмкардаи мактаби аскарони савора (1929), Академияи ҳарбии ба номи М. В. Фрунзе (1938), Академияи олии ҳарбӣ (1948). То ҶБВ фармондеҳи эскадрон, коргари Ситоди генералӣ ва сардори ситоди бригада ва дивизия буд. Дар солҳои ҶБВ (1941-45) сардори ситоди дивизияи моторикунонида, фармондеҳи собиқ дивизияи тирандозии Ҷабҳаи Шимолу Ғарбӣ (1941-43), аз соли 1943 фармондеҳи корпусҳои тирандозии 73-юм ва 128-уми Воронеж, Степной, 1-ум ва 2-юми Украина, 1-ум ва 3-юми Белоруссия буд ва дар озод кардани Украина, Молдавия, Белоруссия ширкат намуд. Марти 1944 корпуси 128-ум, ки фармондеҳаш Батиский буд, яке аз аввалинҳо шуда сарҳадди Руминияро убур кард. Дар марҳалаи хотимавӣ корпуси Батиский дар торумор кардани лашкари фашистони олмонӣ дар Полша, гирифтани Берлин ва озод намудани Прага фаъолона иштирок намуд. Солҳои 1948-50 сардори ситоди минтақавии мудофиа аз ҳуҷуми ҳавоӣ (МҲҲ), баъд сардори Сарситоди ҚҲҲ ва ҷонишини 1-уми сарфармондеҳи ҚҲҲ (1950-53), ҷонишини 1-уми фармондеҳи Округи ҳарбии Маскав (1953-54).

Солҳои 1954-65 фармондеҳи қувваҳои МҲҲ-и Округи ҳарбии Маскав, 1965-66 ҷонишини 1-уми сардори Сарситоди ҚМ ИҶШС, 1966-78 сарфармондеҳи қувваҳои МҲҲ, ҷонишини вазири мудофиаи ИҶШС, ҳамзамон фармондеҳи қувваҳои МҲҲ-и Қувваҳои ҳарбии муттаҳида, ҷонишини сарфармондеҳи Қувваҳои ҳарбии муттаҳидаи давлатҳои ширкаткунандаи Шартномаи Варшава. Дар баланд бардоштани тайёрии ҳарбии қувваҳои МҲҲ, бо системаҳои навтарини зенитию ракетӣ ва авиатсияи қиркунанда таҷҳизонидани он саҳми арзанда гузошт. Депутати Шӯроии Олии ИҶШС (даъватҳои 6-9). Бо 3 ордени Ленин, ордени Револютсияи Октябр, 5 ордени Байрақи Сурх, ордени Суворов (дараҷаи 2), ордени Кутузов (дара¬ҷаи 1 ва 2) ва диг. ордену медалҳо сарфароз гардидааст.

  • Батя. К 90-летию с дня рождения Маршала Советского Союза П. Батицкого//Армейский сборник. М., 2000, № 6;
  • Новая российская энциклопедия. Т. II. М., 2005.