Пайвандакҳои паиҳам

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Ба гурӯҳи пайвандакҳои паиҳам ва, -у (-ю, -ву), ҳам...ҳам, чи...чи, инчунин дохил мешаванд.

Мисолҳо[вироиш]

  • Дар байни он коргарон русҳо,тоҷикҳо, ӯзбекҳо, тоторҳо, ӄазоӄҳо ва туркманҳо ҳам буданд (Садриддин Айнӣ).
  • Имрӯз дар Тошканд ҳам, дар Ӄазон ҳам, дар Москаву Петербург ҳам ид мекунанд (Ҷалол Икромӣ).
  • Ҳаёту хизмати ҳарбӣ ӯро чи ботинан ва чи зоҳиран хеле тағйир дода буданд (Фотеҳ Ниёзӣ).
  • Дигар ҳамаи аъзоёни хонаводаи пирамард ва инчунин худи ӯ дар юртҳо меистоданд (Сотим Улуғзода).

Нигаред[вироиш]

Манбаъ[вироиш]

  • Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик.- Душанбе:Дониш,1985.-с.314