Пайвандакҳои хилофӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Пайвандакҳои хилофӣ аъзои ҷумла ва ҷумлаҳои содаро ба ҳам пайваст менамоянд, ки онҳо аз рӯйи мазмуни худ муӄобили якдигар гузошта мешаванд. Ба ин гурӯҳ пайвандакҳои аммо, лекин, вале, валекин (валек), балки (бал), вагарна, бошад, набошад дохил мешаванд.

Мисолҳо[вироиш]

  • Ман ҳам он ваӄтҳо кам-кам шеър мегуфтам, аммо шеъри худро ба касе нишон намедодам (Садриддин Айнӣ).
  • Эҳтимол муаллим Мансуров камтар суханҳои пасту баланд гуфта бошанд, валекин мактаб-мактаби ману Мансуров не, аз они халӄ (Фотеҳ Ниёзӣ).
  • Шумо ҳеҷ ваӄт ба суҳбати мо халал намерасонед, балки баръакс дар ҳалли баъзе муаммо ёриатон мерасад (Ҷалол Икромӣ).

Нигаред[вироиш]

Манбаъ[вироиш]

  • Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик.- Душанбе:Дониш,1985.-с.316