Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Паймони Гай Ричӣ (филм)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Паймони Гай Ричӣ (филм)
англ. The Covenant
Жанр ҷангӣ
триллер
драмаи ҳарбӣ
Коргардон Гай Ричӣ
Таҳиякунанда
Муаллифи
филмнома
Наворбардор
Оҳангсоз
Ширкати синамоӣ STXfilms[d]
Давомнокӣ 123 дақиқа[2]
Буҷет 55 000 000 $
Мамлакат
Забон инглисӣ
Сол 21 апрел 2023[1]
IMDb ID 4873118

«Паймони Гай Ричӣ» (англ. Guy Ritchie's The Covenant ё оддӣ англ. The Covenant) — филми амрикоӣ дар жанри экшн ба нависандагӣ, таҳия ва коргардонии Гай Ричӣ ва бо нақшофаринии Ҷейк Ҷилленҳол, Дор Салим ва Александр Лудвиг, ки дар 21 апрели соли 2023 мунташир шуд.

Гурӯҳбон Ҷон Кинлӣ дар охирин сафари худ дар Афғонистон бо мутарҷими маҳаллӣ Аҳмад ҳамроҳ мешавад. Дар яке аз амалиёт алайҳи Талибон Ҷон захмӣ мешавад ва аксари ҳамроҳонаш ба истиснои Аҳмад кушта мешаванд. Аҳмад ҷони худро ба хатар меандозад, то Ҷони маҷрӯҳро километрҳо дар замин тоқатфарсо ба пойгоҳи низомии амрикоиҳо ҳамл кунад. Оқибат, Аҳмад бо машаққати зиёд Ҷонро ба пойгоҳ мерасонад ва ӯро ба Амрико ҳамл медиҳанд. Аз ин ки Ҷон ва Аҳмад аз монеаҳои Толибон гузаштанд, онҳоро сахт ба хашм оварда буд ва ин ду танро аз сарсахтарин душманони худ эълон карда, пайи дастгир ва куштани онҳо ҳадяҳои ҳангуфт ваъда доданд. Ҷон, ки дар Амрико буд ва Аҳмад дар Афғонистон аз хатар ба ҷони Аҳмад сахт ба ташвиш шуда, пайи наҷоти ӯ ба Афғонистон меравад.

  • Ҷейк Ҷилленҳол - Сержант Ҷон Кинлӣ
  • Дор Салим - Аҳмад Абдуллоҳ
  • Шон Сагар ҳамчун Чарли "Ҷиззи" Кроу
  • Джейсон Вонг - Ҷошуа 'JJ' Jang
  • Рис Йейтс - Том 'Том Гурба' Ханкок
  • Кристиан Очоа Лаверния ҳамчун Эдуардо "Чоу Чоу" Лопес
  • Бобби Шофилд - Стив Кершер
  • Эмили Бичам ҳамчун Каролин Кинли, зани Ҷон
  • Ҷонни Ли Миллер - Полковник Вокс
  • Александр Людвиг ҳамчун сержант Деклан О'Бреди
  • Риза Диако - Ҳаде
  • Джеймс Нельсон-Джойс Ҷек 'Ҷек Ҷек' Ҷексон
  • Антони Старр - Эдди Паркер, роҳбари PMC
  • Фариба Шейхан - Басира Абдуллоҳ, ҳамсари Аҳмад