Папирус

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Муколамаи Афлотун «Алкивиад» дар папирус.

Папи́рус (юн.-қад. πάπῡρος, лот. papyrus), ё би́блиос (юн.-қад. βιβλίος) — як навъ гиёҳ аст, ки дар давраҳои қадим аз он барои хатнависӣ мавод тайёр мекарданд. Дастхати дар ин материал навиштаро низ папирус гӯянд.

Таърих[вироиш]

Папирус чун материали хатнависӣ дар Мисри Қадим тақрибан дар аввали ҳазораи 3 то мелод ихтироъ гардид ва миёнаҳои ҳазораи 1 то мелод ба дигар мамлакатҳои баҳри Миёназамин низ паҳн гашт. Барои тайёр намудани материали хатнависӣ шохаҳои папирусро тунук-тунук бурида, паҳлӯи ҳам ду қабат чида, ҳар ду қабатро сахт фишурда ба ҳам мечаспонданд ва мехушконданд. Чанд тахтаи онро нӯг ба нӯг часпонида, лӯла месохтанд. Ҳарчанд ки дар Миср дар асри 8 коғаз бештар истифода мешуд, ин ҷо папирусро дар асри 9 мелод ҳам ба кор мебурданд.

Матнҳои папирусро папирусшиносон, мисршиносон, сомишиносон ва дигар меомӯзанд. Папирус муҳимтарин манбаест дар омӯзиши ҳаёти иқтисодӣ, маданӣ ва сиёсии Мисри Қадим ва олами атиқа. Аз Миср ба ғайр аз папируси Мисри Қадим ва қибтӣ матнҳои юнонию сомия асрҳои 6—5 то мелод низ ёфт шудаанд.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Коростовцев М. А., Введе­ние в египетскую филологию, М.. 1963.

Сарчашма[вироиш]

Энсиклопедияи Советии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.