Jump to content

Парведор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Парведор (суғ. parwēδār < parwēδ «ҷустан; ҷустуҷӯ кардан, дар ёфтан» < эронии бостон: *pari-vaid-[1]) — гирдоварии иттилоъот дар бораи душман ё рақиб барои таъмини амнияти худ ва ба даст овардани бартарӣ дар заминаи нерӯҳои мусаллаҳ, амалиёти низомӣ, сиёсат ё иқтисод.

Парведор аз забони суғдӣ вом гирифта шуда, ки дар он «parwēδār» ба маънои «ҷустуҷӯ кардан; нигоҳ кардан, дар ёфтан» буда[1], вале дар забони илмӣ он чун исми амал ва исми масдар дар забони форсӣ ба кор гирифта ва сохташуда аз «парвед» (асоси замони гузаштаи феъл) + «-ор» (пасванди исмсоз ва сифатсоз) шумурда ва исми амал ё исми масдар донистаанд. Дар забони форсӣ «-ор» пасвандест, ки ба ситоки гузашта (асоси замони гузаштаи феъл) мепайвандад ва ҳосили ин пайванд исм ё сифат аст[2]. Исмҳое, ки аз ин сохтор ба даст меоянд, бештар исми амал ё исми масдар ҳастанд: дидор, рафтор, куштор, кирдор, ҷустор. Шумори вожаҳое, ки дар форсии қадим бо ин пасванд сохта шудааст, андак аст ва метавон гуфт, ки ин пасванд зоёии худро аз даст дода будааст. Аммо дар даҳаҳои ахир чанд исм ё исми масдари дигар низ бо он сохта шудааст: сохтор, гаштор, истор, пайвастор, навиштор, шунидор. Сифатҳое, ки бо ин пасванд сохта шудаанд, бештар сифатҳои фоъилӣ ҳастанд: хостор, харидор, намудор, бурдор. Ин сифатҳои фоъилӣ, чун бештари сифатҳои дигар, дар мақоми исм низ метавонанд ба кор раванд. Дар мавориди андаке бо ин сохтор сифати мафъулӣ сохта шудааст: гирифтор[2].

  1. 1.0 1.1 Қариб, Бадруззамон. Фарҳанги суғдӣ (суғдӣ–форсӣ–инглисӣ). – Теҳрон: «Фарҳангон», 1995. ISBN 964–5558–06–9. – c. 292–294.
  2. 2.0 2.1 Пасвандҳои иштиқоқии забони форсӣ // Фарҳанги тавсифии дастури забони форсӣ, Алоъуддин Таботабоӣ, Теҳрон: Фарҳанги муъосир, 1395 – 640 с. ISBN 978-600-105-121-0 – с. 80.