Парвизи Маҳмадамин
Парвизи Маҳмадамин | |
|---|---|
| Парвизи Маҳмадамин | |
| | |
| Таърихи таваллуд | 24 ноябри 1992 |
| Зодгоҳ | Шаҳринав, Тоҷикистон |
| Шаҳрвандӣ | Тоҷикистон |
| Табаият |
|
| Самти фаъолият | рӯзноманигор, шореҳи варзиш, муаррих |
| Фарзандон | 2 |
| Ҷоизаҳо |
«Беҳтарин шореҳи соли 2020»; Ҷойи 1-ум дар озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон — оинаи таърихи миллат» (2023) |
Парвизи Маҳмадамин (тав. 24 ноябри 1992, ноҳияи Шаҳринав, Тоҷикистон) — журналист, шореҳи варзиш ва муаррихи тоҷик.[1] Ӯ дар шабакаҳои телевизионии Варзиш ТВ ва «Футбол» фаъолият намуда, мусобиқаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол, Ҷоми Осиё ва Бозиҳои олимпӣ-ро шарҳ додааст.[2]
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Парвизи Маҳмадамин 24 ноябри соли 1992 дар деҳаи Элокии ҷамоати деҳоти Чусти ноҳияи Шаҳринав ба дунё омадааст.[3] Таҳсилоти ибтидоиро дар шаҳри Турсунзода оғоз намуда, соли 2010 Литсейи Президентии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакиро хатм кардааст.
Соли 2010 ба факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2015 бо ихтисоси муаррих-кишваршинос бо дипломи аъло хатм намудааст.
Фаъолияти касбӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Фаъолияти худро дар соҳаи телевизион соли 2011 ҳамчун таҷрибаомӯз оғоз кардааст. Соли 2015 дар ҳафтаномаи «Варзиш-Спорт» фаъолият дошт.
Аз соли 2016 дар Варзиш ТВ ба ҳайси муҳаррир ва шореҳи варзиш фаъолият мекунад.[4]
Ӯ муаллиф ва ҳаммуаллифи як қатор барномаҳои таҳлилӣ мебошад:
- «Еврогол» — барнома дар бораи лигаҳои пешсафи футбол;
- «Аврупоафрӯз» — барнома доир ба бозиҳои Лигаи чемпионҳои Аврупо;
- «Пеш аз бозӣ» ва «Баъд аз бозӣ» — барномаҳои таҳлилии варзишӣ.
Парвизи Маҳмадамин мусобиқаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол, Ҷоми Осиё ва Бозиҳои олимпиро шарҳ додааст.
Дастовардҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- 2021 — «Беҳтарин шореҳи соли 2020»[5]
- 2023 — ҷойи 1-ум дар озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон — оинаи таърихи миллат»[6]
Оила
[вироиш | вироиши манбаъ]Оиладор, соҳиби ду фарзанд мебошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ. Таърихдоне, ки шореҳи варзишӣ шуд(тоҷ.). Dialog.tj (1 марти 2024).
- ↑ Шореҳон омодаанд! Чемпионати ҷаҳон-2022(тоҷ.). АМИТ «Ховар» (15 ноябри 2022).
- ↑ Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ. Таърихдоне, ки шореҳи варзишӣ шуд(тоҷ.). Dialog.tj (1 марти 2024).
- ↑ Шореҳи ТВ «Варзиш» Парвизи Маҳмадамин(тоҷ.). ТВ «Варзиш» (2023).
- ↑ Парвизи Маҳмадамин — беҳтарин шореҳи соли 2020(тоҷ.). ТВ «Варзиш» (9 Январ 2021).
- ↑ Парвизи Маҳмадамин дар озмун(тоҷ.). Китобхонаи миллии Тоҷикистон.