Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Парвиз Ниёзов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


Парвиз Ниёзов
Ниёзов Парвиз Ёдгорович
ТаваллудДушанбе, ҶШС Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ Тоҷикистон
Пешавидеоблогер, соҳибкор

Парвиз Ниёзов (Ниёзов Парвиз Ёдгорович; 1 октябри 1981, шаҳри Душанбе) — видеоблогер, соҳибкори тоҷик, маъруф дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла YouTube ва Instagram.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Парвиз 1-уми октябри соли 1981 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Пас аз хатми литсейи тоҷикӣ-туркии шаҳри Душанбе дар Донишгоҳи давлатии Улудаги Туркия таҳсил карда, онро ба анҷом расонд. Солҳои охир ӯ дар Иёлоти Муттаҳида зиндагӣ мекунад ва фаъолияти худро ба масъалаҳои муҳоҷират ва зиндагии муҳоҷирони тоҷик бахшидааст[1][2].

Ҳаёти шахсӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Парвиз Ниёзов ҳамчун видеоблогер ва машваратдиҳандаи муҳоҷирон фаъолият мекунад. Мавзӯи асосии фаъолияти ӯ ба муҳоҷират, зиндагӣ ва мутобиқшавии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳида бахшида шудааст. Ӯ дар блогҳо ва пахшҳои зинда аз таҷрибаи шахсии худ дар бораи ҳаёт, кор ва кӯчидан ба ИМА нақл мекунад.

Парвиз бо муҳоҷирони тоҷик, ки дар иёлатҳои гуногуни ИМА зиндагӣ мекунанд, мусоҳиба мекунад ва таҷрибаҳои онҳоро дар бораи зиндагӣ, тиҷорат ва мутобиқшавӣ ба муҳити нав нашр мекунад. Ҳамчунин бо муҳоҷирони нав, ки ба ИМА омадаанд, дар бораи рафти ҳуҷҷатгузорӣ, гирифтани грин-корт ва мутобиқшавӣ суҳбат мекунад. Ӯ шароитҳои мусбӣ ва мушкилоти муҳоҷиронро дар иёлатҳои гуногун қайд мекунад, ки барои ҳамватанони дигар маълумоти амалӣ фароҳам меорад.

Дар видеоблогҳои худ, Парвиз Ниёзов бо ибораи шинохташаванда маҳбуб аст:

«Эээ, салом алейкум мардум, ман Парвиз аз Ню-Йорк»

ин ибора ба унвони тамғаи шинохташаванда ва услуби шахсӣ дар байни пайравонаш маъруф аст.

  1. Парвиз Ниёзов: «Я помогаю соотечественникам с переездом в США»(рус.). Радиои Озодӣ. Радиои Озодӣ (1 июли 2023). 22 Январ 2026 санҷида шуд.
  2. Переезд за рубеж: 6 таджикских блогеров, которые рассказывают о жизни, работе и учебе в США(рус.). Asia-Plus. Asia-Plus (13 июли 2023). 22 Январ 2026 санҷида шуд.