Парвиз Яхяев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Парвиз Яхяев
Яхьяев Парвиз Ровшанович
Таърихи таваллуд 24 май 1991(1991-05-24) (29 сол)
Пеша аккос

Парвиз Яҳёев (англ. Parviz Yakhyayev, русӣ: Парвиз Яхьяев, номи аслӣ - ӯзбакӣ: Parviz Yahyayev) — когардон (режиссёр), клипмейкер, аксбардор (фотограф), тарроҳ дизайнер.[1]

Зиндагинома[вироиш]

Парвиз Яҳёев 24 майи соли 1991 дар шаҳри Самарқанд таваллуд шудааст.[2] Дар давраи бачагиаш Парвиз ба гирифтани акс шавқи зиёд доштааст. Акси якуми гирифтаи Парвиз бо номи «Регистони ман»[3] дар рӯзномаи «Самаркандский Вестник» нашр шуд. Дар солҳои бачагиаш ӯ бо фотоаппарати худ бисёр эксприментҳои аҷиб гузаронидааст. Баъди хатми мактаби миёнаи №42-и Дзержинск, дар соли 2008 бо кӯмаки волидайн ӯ таҳсилро дар Санкт-Петербург давом дод, яъне ба Институти Телевизион, бизнес, дизайн дохил шуд. Ва дар соли 2012 ӯ барои худ логотипи «PY»-ро сохт.[4] Баъди бозгашт аз Санкт-Петербург ба Ӯзбекистон ӯ студияи худро дар Самарқанд бо номи «PY production» таъсис дод. Режиссер, клипмейкер, аккос (суратгир) ва дизайнери умедбахш ба зумраи 10 нафар аккосони беҳтарини Ӯзбекистон дохил шуд. Аз соли 2013 сар карда Парвиз Яҳёев бо ширкатҳои калони Аврупо ва Ӯзбекистон кор мекунад. Масалан: «BP Lubricants», «Castrol», «Jonhson & Jonhson», «Sumitomo Group», «Cotton Club», «BMG», «Food Care Group». Парвиз дар гирифтани мусаввараи инсон (портрет ) беҳамто мебошад,аммо пеш аз он ки ба ин дараҷа бирасад,бисёр роҳҳои пурпечутоби ҷодаи аккосиро тай намудааст. Аккосӣ барои Парвиз нафақат кори фоидаовар , балки хобби низ мебошад. Ҳангоми акс бардоштан ӯ лаззат мегирад ва фароғат мекунад. Муҳаббат ба касби худ Парвиз Яҳёевро машҳур гардонд ва ӯ бо ситораҳои рус ва узбек ҳамкориро оғоз намуд..[5]

Видеоклипҳо[вироиш]

  • 2015 Mamay Berezovskiy & MC Pak «Дружба» (in Russian language)
  • 2014 Daler Ametist (lead singer of Sahro Group) «То, что на душе» (in Russian language)
  • 2014 Daler Ametist (lead singer of Sahro Group) «Моя мания» (in Russian language)
  • 2013 Тимур Спб & АС – «Swagg»
  • 2013 SeeL BP «#САЛАМНАШИМ» (in Russian language)
  • 2011 Eksodos & Ako Shukur «No Luv»
  • 2009 Masta Rhyme «Tezyurar Poyezd 662» (in Uzbek language)
  • 2009 Masta Rhyme «El klassiko»

Ҳаёти шахсӣ[вироиш]

5 октябри соли 2014 Парвиз Яҳёев бо Амира Яҳёева ақди никоҳ бастанд. Бори нахуст вохӯрии онҳо дар мактаби миёна рух дода буд.

Унвонҳо[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

Пайвандҳо[вироиш]