Парвина Соҳибова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Парвина Соҳибова
Парвина Телмановна Соҳибова
Таърихи таваллуд 1971(1971)
Зодгоҳ Душанбе
Пеша(ҳо) оҳангсоз (композитор)

Парвина Соҳибова – оҳангсоз (композитор), узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон (2002).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Парвина Соҳибова соли 1971 дар шаҳри Душанбе дар оилаи ҳунармандони тоҷик Шоҳназар Соҳибов (бобо) ва Телман Соҳибов (падари Парвина) таваллуд шудааст. Соли 1978 ба шуъбаи фортепианои мактаби миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи З. Шаҳидӣ қабул мегардад. Пас аз хатми мактаб соли 1989 ба кафедраи таърих ва назарияи мусиқии шарқи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода дохил мешавад. Ба сифати кори дипломӣ Парвина мавзӯи «Мероси эҷодии Ш.Соҳибов»ро пешниҳод менамояд, ки он ба композитор, донишманди Шашмақом, Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ ва Ҷоизаи Борбад, Шоҳназар Соҳибов бахшида шуда буд. Пас аз хатми Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, солҳои 1994-2003 ӯ ба сифати муаллими кафедраи фанҳои назариявӣ ба Коллеҷи санъати ш.Душанбе ба номи А.Бобоқулов, аз соли 2003 ин ҷониб муаллими кафедраи таърих ва назарияи мусиқии Консерваторияи миллӣ мебошад. Аз соли 2002, узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон. Овони донишҷӯӣ композитсияро аз Заррина Миршакар, Талабхӯҷа Сатторов ва Алишер Латифзода омӯхтааст. Аввалин асарҳои ӯ ҳангоми таҳсил дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода навишта шудаанд. Хусусияти хоси мусиқии ӯ хушоҳангии амиқ, ҳаракати ботадриҷи ҷараёни оҳанг мебошад. Сабки сурудҳои ӯ хеле одӣ буда бо хушоҳангӣ фарқ мекунад.

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • 2002 – «Таронаҳои кишварам», асар барои 2 фортепиано. Дастнавис.
  • 2002 – «Эй, Тоҷикистон зинда бош», шеъри Ҷ.Ҳошимӣ. Дастнавис.
  • 2002 – «Оҳанги ҳиндӣ», пйеса барои фортепиано. Дастнавис.
  • 2003 – «Таронаи баҳор», асар барои 2 фортепиано. Дастнавис.
  • 2003 –«Ҳазломез»
  • 2003 –Прелюдияи хурд.
  • 2003 –«Рақс».
  • 2003 –Прелюдияи №1.
  • 2003 –Прелюдияи №2.
  • 2003 –Пйесаи №1.
  • 2003 –Пйесаи №2.
  • 2003 –«Сайругашт».
  • 2003 –«Оҳанги шарқӣ».
  • 2006 – «Грустный вальс», пьеса для фортепиано. // Пьесы таджикских композиторов для фортепиано: Учеб.пособие. – Душанбе:Деваштич, 2006.
  • 2005 – «Душанбе», шеъри Мусо Ғулом. Дастнавис.
  • 2005 – «Модари меҳрубони ман», шеъри Ҷ.Ҳошимӣ. Дастнавис.
  • 2005 – «Обаки Варзоб», шеъри Ҷ.Ҳошимӣ. Дастнавис.
  • 2005 – «Наврӯз муборак», шеъри Х.Раҳмонӣ. Дастнавис.
  • 2005 – «Булбулакони Ватан», шеъри А.Ҳаким.
  • 2006 – «Экспромт», пйеса барои фортепиано. Дастнавис.
  • 2006 – «Соли нав», шеъри Бобо Раҳмон. Дастнавис.
  • 2006 – «Шаҳри Душанбе», шеъри Ҷ.Ҳошимӣ. Дастнавис.
  • 2007 – «Тоҷикистони ҷавон», шеъри А.Розиқ. Дастнавис.
  • 2007 – «Фахрам, эй диёри Тоҷикистон», шеъри А.Розиқ. Дастнавис.
  • 2008 – «Элегия», пйеса барои скрипка ва фортепиано. Дастнавис.
  • 2009 – «Ноктюрн», пйеса барои фортепиано. Дастнавис.
  • 2010 – «Ба ман ояд», шеъри Рӯдакӣ. Дастнавис.[1]
  • Шохназар Сохибов:Заметки о жизни и творчестве. - Душанбе: Прогресс, 2013,- 52с.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011. c 201-204