Парвонахон Ҷамшедов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Парвонахон Ҷамшедов
Парвонахон Ҷамшедов
Санаи таваллуд:

20 март 1943

(76 сол)
Зодгоҳ:

ноҳияи Шуғнон

Мамлакат:

Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

забоншиносӣ

Ҷойҳои кор:

ДДО ба номи Т.Г.Шевченкои ш.Душанбе, Донишгоҳи шаҳри Лондон, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев, Донишгоҳи байналмилалии Тоҷикистон шаҳри Душанбе, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон

Дараҷаи илмӣ:

доктори илмҳои филология

Унвонҳои илмӣ:

профессор, академик

Алма-матер:

ДДО ба номи Т.Г.Шевченкои ш.Душанбе

Маъруф ба:
Ҷоизаҳо:

Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000), Аълочии маорифи Тоҷикистон (1999)

Парвонахон Ҷамшедов олим филолог-забошинос, доктори илми филология (1986), профессор, (1987), Узви Академияи илмҳои иҷтимоӣ ва педагогии Федератсияи Русия (АСПН), Аълочии маорифи Тоҷикистон (2000). Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000). Аълочии маорифи Тоҷикистон (1999)

Зиндагинома[вироиш]

Парвонахон Ҷамшедов 20 марти соли 1943 дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омадааст.

Фаъолияти илмӣ ва ҷамъиятӣ[вироиш]

Мавзӯъҳои татқиқотии П. Ҷамшедов марбут ба таърихи бостон, забон, фарҳанг, мардумшиносӣ, омӯзгорӣ мебошанд. П. Ҷамшедов дар тӯли фаъолияти илмиаш 4 монография, китобҳои дарсӣ барои мактабҳои олӣ ва миёна, ду ҷилди Фарҳанги забони тоҷикӣ - англисиро дастраси забономӯзон гардонид.Дар таҳти роҳбарии ӯ 65 нафар рисолаи номзадӣ ва 5 нафар рисолаи докториро дифоъ кардаанд, ки 7 нафарашон хориҷиён аз кишварҳои Нигерия, Англия, Эрон, Русия мебошанд.Дар тӯли фаъолият дар 120 симпозиум ва конференсияҳои байналмилалӣ дар давлатҳои ИМА, Англия, Франсия, Эрон, Туркия, Ҳиндустон, Албания, Куба, Русия, Ӯзбакистон, Қазоқистон, Сингапур, Япония, Чин, Олмон, Испания, Португалия маърӯзаҳои илмӣ кардааст. Ҷамшедов чунин корҳои ҷамъиятиро бар зимма дорад:

  • Раиси ассотсиатсияи муаллимони забони англисии ҶТ;
  • Раиси иттифоқи англисизабонони ҶТ;
  • Ҷонишини раиси садорати ҷамъияти «Пайванд»;
  • Раиси ҷамъияти дӯстдорони фарҳанги бостон;
  • Аъзои Бунёди забони тоҷикӣ;
  • Узви ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои илмӣ - оммавии «Ирано-Славики» (Москва), «Забоншиносӣ» (Тоҷикистон), «Фарҳанг» (Тоҷикистон),«Вопросы английской филологии» РТСУ, «Ахбороти Академияи илмҳои ҶТ» (ҷонишини сармуҳаррир).

Фаъолияти тарҷумонӣ[вироиш]

Ҳамчун тарҷумон асарҳои зеринро тарҷума кардааст:

  • Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» (аз тоҷикӣ ба англисӣ);
  • Эмомалӣ Раҳмон «Нигоҳе ба тамаддуни ориёӣ» (аз тоҷикӣ ба англисӣ);
  • Н.Умарзода «Ориёиҳо», 2 ҷилд (аз тоҷикӣ ба англисӣ);
  • Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон», 2 ҷилд (аз тоҷикӣ ба англисӣ);
  • «Ҳазор ихтирооти мусулмонҳо» (аз англисӣ ба русӣ);
  • Умари Хайём «Наврӯзнома» (аз тоҷикӣ ба англисӣ).

Осор[вироиш]

  • Имитативы в современном английском языке. — Душанбе, 2002;
  • Фарҳанги англисӣ-тоҷикӣ бо роҳнамои вожагони тоҷикӣ. — Душанбе, 2005;
  • История английского языка — Душанбе, 2008;
  • Курс страноведения. — Душанбе, 2009;
  • Таджикско-английский словарь. — Душанбе,2009;
  • Страноведение. — Душанбе, 2009;
  • Вульгаризмы в системе лексики английского языка — Душанбе, 2010;
  • Англо-таджикский политический словарь. — Душанбе, 2011.

Мукофот[вироиш]

  • Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000);
  • Аълочии маорифи Тоҷикистон (1999).[1][2]

Адабиёт доир ба Парвонахон Ҷамшедов[вироиш]

  • «Российско-Таджикский (славянский) университет» (в одном томе). Энциклопедия./ Главный редактор М.С.Имомов. - Душанбе, 2011
  • Российско-Таджикский (Славянский) университет:вчера, сегодня, завтра. 1996-2016. – Душанбе, 2016, с. 147-148.

Нигаред низ[вироиш]

Манобеъ[вироиш]