Парда Қосим

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Парда Қосимов)
Парда Қосим
Ном ба ҳангоми таваллуд Парда Қосимов
Таърихи таваллуд 13 октябр 1947(1947-10-13) (76 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Восеъ, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Пеша(ҳо) овозхон
Ҷоизаҳо

Парда Қосим (Парда Қосимов; зод. 13 октябри 1947, ноҳияи Восеъ, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) — овозхони тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1990), Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон (2001).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Парда Қосимов 13 октябри соли 1947 дар ноҳияи Восеъ ба дунё омадааст. Омӯзишгоҳи ҷумҳурияви маданӣ-равшан­на­моии ноҳияи Ленин (ҳоло Коллеҷи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ)-ро (1965) ба итмом расонда, беш аз сӣ сол сароянда ва роҳбари бадеии ансамбли тарона ва рақси «Шодӣ»-и ноҳияи Панҷ буд. Аз соли 1998 овозхони дастаи рақсии «Лола» мебошад.

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Барномааш аз осори шуарои классик ва муосири тоҷик, таронаю оҳангҳои шӯху дилнавоз ва рақсии тоҷикӣ ва дигар халқҳои Машриқзамин таркиб ёфта, ҳар сурудро бо маҳорати баланд адо мекунад. «Бародарам», «Тоҷикистон аз манӣ», «Ман масту ту девона», «Эй ошиқон», «Юсуфи гумгашта», «Қӯшчинор», «Қошуқ метарошам», «Сурӯши Сталинград», «Борони найсон», «Сайри лолазор», «Доғи ғурбат», «Дилбари панҷӣ», «Наврӯзи оворагӣ», «Наврӯз ҷаҳонӣ шуд», «Муроде талабам», «Рӯзгорони баланд», «Чашмаи сабоҳӣ», «Дурри ноёб», «Рӯзи доварӣ», «Борҳо гуфтаам», «Гаҳвораи Сино», «Абрӯ мапаррон», «Сайри лолазор», «Ошён монад», «Эй дард», «Мардумаки дида», «Маҳтобаки ман», «Дило», «Қаламқош», «Бӯса ба дарё задам», «Афсона хоҳам шуд», «Шаби барфӣ» барин таронаҳояш ҳаводорони бешумор пайдо кардаанд. Ба баъзе сурудҳо худ оҳанг навиштааст. Ба узбакӣ, туркманӣ, ҳиндӣ, арабӣ, русӣ ва дигар забонҳо низ таронаҳо хондааст. Ба Афғонистон, Эрон, Яман, Испания ва дигар давлатҳо сафари ҳунарӣ анҷом додаст.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо ордени «Нишони Фахрӣ» сарфароз гаштааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
  • Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. — Душанбе: Аржанг, 2019. — С. 201—480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2