Парчами ҶХШ Бухоро

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Парчами ҶХШ Бухоро
Таърихи таъсис 1921
Нигора
Кишвар
Қонунӣ барои Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро
Замони поён 1924

Парчами давлатии Ҷумҳурии Мардумии Шӯравии (Халқии Советии) Бухоро — аз соли 1921 то 1924, дар якҷоягӣ бо нишони расмии Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро вуҷуд дошт.

Тавсиф[вироиш | вироиши манбаъ]

Илова ба парчами расмӣ, ки дар Конститутсияи ҶХШБ тавсиф шудааст, вариантҳои гуногуни парчам дар солҳои гуногун истифода мешуданд. Қабл аз таъсиси расмии ҶХШБ, парчами сурх бо ҳилоли сафед дар маркази он ва дар гӯшаи чапи боло навиштаҷоти БНСР (аз русӣ, яъне ҶХШБ) дошт, истифода мешуд. Пас аз тасдиқи ҶХШБ ва парчамаш, дар яке аз вариантҳои парчам ба ҷои навиштаҷот ба кириллик, навиштаҷот бо алифбои арабӣ истифода мешуд[1].

23 сентябри соли 1921 дуввумин Курултаи Ҳамабухороӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Шӯравии Халқии Бухороро қабул ва тасдиқ кард, ки дар он дар моддаи 79 парчами ҶХШБ тасвир ёфтааст[1][2][3][4][5] :

« Государственный флаг Б.Н.С.Р. состоит из двух параллелей сшитых полотнищ: верхнего – зеленого цвета и нижнего – красного, с изображением посреди их золотого серпа полумесяца, внутри которого находится золотая пятиконечная звезда. На верхнем зеленом полотнище в левом его углу ӯ древка помещены буквы Б.Н.С.Р.
Тарҷума: Парчаси давлатии Ҷ.Х.Ш.Б. состоит аз ду матоъи ба ҳам рост бурида иборат аст: бологиаш – ранги сабз ва поёнаш – сурх, бо акси дар қисмати маркази ҷойгиршуда, ки аз дости тилоӣ бо ситораи панҷкунҷа иборат аст. Дар қисмати чапи болоии матоъи сабз, дар кунҷ навиштаҷот бо ҳарфҳои Б.Н.С.Р. ҷойгир аст.
»

Парчам аз ранги қисман сурх, ҳилоли аҳмар ва ситора иборат буд, ки қисман ба парчами Туркия монанд буд, дар мақсадҳои пантуркиҳо истифода мешуд[1][6].

2 сентябри соли 1920 Артиши Сурх ва ҷавонбухороиҳо Бухороро забт карданд ва 8 октябр Ҷумҳурии Шӯравии Халқии Бухоро эълон карда шуд. Амир ва ҳукумати ӯ ба шарқи аморати Бухоро ва сипас ба аморати Афғонистон гурехтанд. Пас аз таъсиси ҳокимияти шӯравӣ дар қаламрави Аморати Бухоро парчами Амир бекор карда шуд ва ба ҷои он парчами ҶХШБ таҳия карда шуд.

19 сентябри соли 1924, Курултайи панҷуми Советҳои Тамоми Бухоро дар бораи табдил додани ҶХШБ ба Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Бухоро ва гузарондани демаркатсияи миллӣ-давлатӣ қарор қабул кард. Дар он солҳо, ИҶШС демаркатсияи миллӣ-ҳудудии қаламрави Аморати Бухороро ба нафъи ҶШС Узбакистон, ҶШС Туркманистон ва Ҷумҳурии Автономии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон гузаронд. Дар асоси натиҷаҳои ин демаркатсияи миллӣ-ҳудудӣ ҶХШБ ва парчами он барҳам дода шуд ва ба ҷои он парчамҳои ҷумҳуриҳои нави иттифоқӣ таҳия шуданд[1][3][5].

Вариантҳо ва пешгузаштаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳамчунин бинед[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Нишони давлатиии Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро
  • Парчами Ҷумҳурии Халқии Советии Хоразм

Манбаъҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Флаги Узбекистана: Бухара.
  2. К. А. Иванов. Флаги государств мира. — 1971. — С. 25-26.
  3. 3.0 3.1 Флаги Бухары
  4. Конституция Бухарской Народной Советской Республики. Статья 79.
  5. 5.0 5.1 W. Trembicky. Flags of Non-Russian peoples under Soviet Rule, The Flag Bulletin. — Lexington, 1969. — С. 121.
  6. Флаги Узбекистана: Туркестан.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]