Паси , ӄафои, аӄиби, пушти (пешоянд)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Пас (ӄафо,аӄиб, пушт))
Jump to navigation Jump to search

Паси пешоянди номӣ буда, ҳам дар шакли сода ва ҳам дар шакли таркибӣ бо пешояндҳои аслии ба, дар, аз кор фармуда мешавад.Пешоянди паси ва шаклҳои таркибии он макони амали ашёро нишон медиҳад.Калимаҳои ӄафо,аӄиб,пушт ҳамчун пешоянд синонимҳои пешоянди пас ҳастанд.

Мисолҳо[вироиш]

  • Қишлоӄи Гулистон дар паси теппаҳои баланду паст ҷо гирифта буд (Ҷалол Икромӣ);
  • Офтоб акнун аз паси кӯҳҳо сар бардошта водии Ҳисорро равшан мекард (Ҷалол Икромӣ);
  • Қорӣ Ишкамба аз пушти чӯт чизеро гирифта,ба даҳонаш андохт (Садриддин Айнӣ);
  • Гулрӯ ба ӄафои чархи ароба аввал модарашро пинҳон карда,баьд аз паҳлӯи ӯ ҷой гирифт (Раҳим Ҷалил).

Нигаред низ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]

  • Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик.- Душанбе:Дониш,1985. - 293с.