Паул Брайтнер
Паул Брайтнер | ||
| Иттилооти умумӣ | ||
| Таваллуд | 5 сентябри 1951[1][2][3][…] (74 сол) | |
| Шаҳрвандӣ | ||
| Иттилоот дар бораи бошгоҳ | ||
| Бошгоҳ | ||
| Маснад | ||
Паул Брайтнер (таваллуд 5.9.1951), футболбози олмонӣ — яке аз беҳтарин ҳимоятгарони таърихи футболи ҷаҳон.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар дастаҳои «Бавария» (Мюнхен, 1970–74; 1978–83), «Айнтрахт» (Брауншвайг, 1977)-и ҶФО ва «Реал» (Мадрид, Испания, 1974–77) ҳамчун ҳимоятгар ва нимҳимоятгар бозӣ кардааст. Панҷ карат чемпион ва ду карат барандаи Ҷоми ҶФО, барандаи Ҷом ва чемпиони Испания (ду бор), ғолиби Ҷоми чемпионҳои Аврупо (1974). Дар ҳайати дастаи мунтахаби ҶФО чемпиони ҷаҳон (1974), ноиб-чемпиони ҷаҳон (1982) ва чемпиони Аврупо (1972) шудааст. Беҳтарин футболбози ҶФО дар соли 1982. Брайтнер аз варзишгарони нодирест, ки дар ду бозии ниҳоии Ҷоми ҷаҳон (1974 ва 1982) муваффақ шудааст, ҳоло ҳамчун рӯзноманигори варзиш дар яке аз шабакаҳои телевизиони Олмон кор мекунад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Internet Movie Database (ингл.) — 1990.
- ↑ Transfermarkt.com(бис.) — 2000.
- ↑ filmportal.de — 2005.
- ↑ Deutsche Nationalbibliothek Record #118514911 // Gemeinsame Normdatei (нем.) — 2012—2016.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Брайтнер Паул // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.