Петрикор

Петрихор (ё петрихор) бӯи хокест, ки фавран пас аз оғози борон эҳсос мешавад. Ин калима аз вожаҳои юнонии қадим петра (юн.-қад. πέτρα) – "санг" ва ихор (юн.-қад. ἰχώρ) – моеъест, ки дар рагҳои худоёни асотири юнонӣ ҷорӣ мешавад, гирифта шудааст.
Ин истилоҳ нахустин бор соли 1964 аз ҷониби муҳаққиқони австралиягӣ Изабелла Ҷой Беар ва Родерик Ҷ. Томас барои мақолае дар маҷаллаи Nature[1][2] эҷод шудааст.
Дар мақола нишон дода шудааст, ки баъзе гиёҳон дар давраи хушкӣ атрмояҳое ҷудо мекунанд, ки тавассути гил ва сангҳои кӯҳистонӣ ҷаббида мешаванд. Ҳангоми борон, ин равғанҳо ҳамроҳ бо таркиби кимиёвии геосмин (як маҳсулоти иловагии мубодилаи актинобактерияҳо) ба ҳаво раҳо мешаванд, ки бӯйи хосро эҷод мекунанд.
Дар мақолаҳои баъдӣ (соли 1965), Беар ва Томас нишон доданд, ки равғанҳои пайдошуда сабзиш ва рушди барвақти гиёҳонро ба таъхир меандозад[3]. Ин нишон медиҳад, ки гиёҳҳо ин равғанҳоро ба мақсади муҳофизат кардани тухмӣ аз сабзидани бармаҳал дар шароити номусоид хориҷ мекунанд.
Дар соли 2015 донишмандони Пажӯҳишгоҳи технологии Массачусетс бо истифода аз дурбинҳои баландсуръат сабт карданд, ки чӣ гуна атр ба ҳаво мегузарад[4]. Ҳудуди 600 озмоиш дар 28 сатҳи гуногун, аз ҷумла маводи муҳандисишуда ва намунаҳои хок анҷом шуд. Вақте қатрае рӯйи сатҳи ковок меафтад, ҳавои дохили ҳафраҳои он сатҳ ҳубобчаҳое ташкил медиҳад, ки онҳо дар навбати худ аэрозол ба вуҷуд меоранд[5]. Ин аэрозолҳо хушбӯӣ, бактерияҳо ва вирусҳоро аз хок ба ҳаво мебаранд. Қатраҳои бороне, ки бо суръати камтар ҳаракат мекунанд, одатан аэрозолҳои бештар ба вуҷуд меоранд ва ҳамин аст, ки бӯйи петрикор бештар пас аз борони сабук эҳсос мешавад[4].
Бархе аз донишмандон бар ин назаранд, ки инсоният муҳаббат ба бӯйи боронро аз ниёкони худ мерос гирифтааст, зеро ҳавои боронӣ барои бақо мондани онҳо муҳим буд[6].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Bear, Isabel Joy; Thomas, Richard G. Nature of argillaceous odour(англ.) // Nature. — 1964. — March (vol. 201, no. 4923). — P. 993—995. — doi:10.1038/201993a0. — Bibcode: 1964Natur.201..993B.
- ↑ Garg, Anu. The Dord, the Diglot, and an Avocado Or Two: The Hidden Lives and Strange Origins of Words. — Penguin, 2007. — С. 399. — ISBN 9780452288614.
- ↑ Bear, Isabel Joy; Thomas, Richard G. Petrichor and plant growth(англ.) // Nature. — 1965. — September (vol. 207, no. 5005). — P. 1415—1416. — doi:10.1038/2071415a0. — Bibcode: 1965Natur.207.1415B.
- 1 2 Cooper-White, Macrina Here's Why Rain Has That Distinctive Smell. The Huffington Post(пайванди дастнорас — таърих) (15 Январ 2015). 17 Январ 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 Январ 2015.
- ↑ Chu, Jennifer Rainfall can release aerosols, study finds. MIT News(пайванди дастнорас — таърих) (14 Январ 2015). 17 Январ 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 августи 2015.
- ↑ Palermo, Elizabeth Why Does Rain Smell Good?. LiveScience.com(пайванди дастнорас — таърих) (21 июни 2013). 17 Январ 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 май 2020.