Пизишкии занон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Пизишкии занон (форсӣ: پزشکی زنان‎), гинеколо́гия (юн.-қад. γυνή, γῠναικός«зан» + юн.-қад. λόγος«омӯзиш, илм») — яке аз риштаҳои тахассуси пизишкӣ мебошад, ки ташхису дармони бемориҳои занон монанд қоидагии дарднок, ихтилолоти қоидагӣ, саратонҳои раҳм, саратони тухмдон, саратони даҳонаи раҳм, саратони вожин, наздикии дарднок, кисти тухмдон, печхурдагии тухмдон, уфунати дастгоҳи таносулӣ ва ғарайро мавриди баҳс қарор медиҳад.

Вазифаи умдаи пизишкии занон аз овони кӯдакӣ андешидани тадбирҳои пешгирии бемориҳои занона ва дарёфти усулҳои муолиҷаи онҳост.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Маълумоти аввалин доир ба пизишкии занони амалӣ дар «Папируси гинекологӣ»-и Миср (асри 30 то м.), навиштаҷоти Бобул (асри 22 то м.), китоби қадимии ҳиндуҳо – «Аюрведа» (асрҳои 9–3 то м.) ва ғ. дучор меоянд. Дар ин маъхазҳо роҷеъ ба аменорея, безурётӣ ва газак ва дигар бемориҳои аъзои таносули занҳо маълумот дода шудааст. Дар асарҳои Буқрот аломату роҳҳои ташхиси беморӣ, тарзи муолиҷа ва ҷарроҳии бемориҳои занона муфассалан шарҳ ёфтаанд. Дар инкишофи пизишкии занон Абуалӣ ибни Сино саҳми бузург гузоштааст. Дар замоне, ки Ибни Сино умр ба сар бурдааст, қонунҳои шариат роҳ намедоданд, ки табиби мард ба зани ҳомила мадад расонад ё дар вақти таваллуд иштирок дошта бошад. Бо вуҷуди ин, саҳми Шайхурраис дар инкишофи илми момоӣ (акушерӣ) назаррас аст. Бисёр тарзу усулҳои аз бачадон берун овардани тифл, ки ӯ пешниҳод намудааст, дар амал истифода мешуданд. Ибни Сино дар «ал-Қонун» роҷеъ ба сабабҳои бенаслии зану мард ва исқот, нишонаҳои ҳамл, ихтилоли ҳайз, парҳези зани ҳомила, синамаконӣ, дуруст буридани ноф ва ғ. маълумоти муфассалу ҷолиб додааст. «Сабаби нозоӣ ё андар мании мард, ё андар мании зан, ё андар андомҳои заҳдон ва ё андар андомҳои нара ва афзорҳои манӣ ҷой дорад. Ё мумкин аст он ба сабабе вобаста бошад, ки андар андомҳои мабдаӣ вуҷуд дошта, аз қабили андуҳ, тарс, дардҳои гуногуни сар, заъфи гувориш ва хоммонии ғизо бувад. Ё мумкин аст ба ягон хатои ногаҳон рӯйдодае вобаста бошад» – омадааст дар китоб. Чунин шарҳи безурётӣ аз нигоҳи илми муосир билкулл дуруст мебошад.

Пизишкии занон ҳамчун илми мустақил асри 18 ба вуҷуд омад. Ба туфайли татбиқи асептика ва антисептика доираи ёрии ҷарроҳӣ ба бонувони гирифтори бемориҳои занона васеъ гардид. Пизишкии занон ба акушерӣ (момоӣ) робитаи зич дошта, аз фаслҳои онкологияи гинекологӣ, урологияи гинекологӣ, эндокринологияи гинекологӣ, ҷарроҳии гинекологӣ ва ғ. иборат аст. Дастовардҳои анестезиология, истифодаи антибиотикҳо, хунгузаронӣ ва пешрафти техника ба рушди ҷарроҳии гинекологӣ мусоидат кард.

Солҳои 40-и асри 20 М. А. Турдаков, М. В. Войно-Ясенетский ва В. А. Лоситская доир ба бемориҳои гинекологии хосси Тоҷикистон пажӯҳиш анҷом доданд. Мавзӯи асосии таҳқиқи онҳо бедардгардонии таваллуд, хунгузаронӣ, дарёфти роҳҳои муолиҷаи баъзе бемориҳои занона буд. Хусусан таъсири бемории вараҷа ба ҷараёни ҳамл, таваллуд ва амрози гинекологӣ ҷиддӣ омӯхта шуд. Пажӯҳишҳои баъдии олимони ҷумҳурӣ ҳалли масъалаҳои эндокринологияи гинекологиро дар бар мегирифтанд. Дар натиҷа таъсири гормонҳои стероидӣ ба сабзиши ҳуҷайра муайян, миқдори кислотаҳои нуклеат дар эндометрия ошкор, физиология ва патологияи хуни занҳо таҳқиқ гашт.

Соли 1941 дар Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Ибни Сино кафедраи акушерӣ ва гинекология таъсис ёфт. Соли 1957 зарурати ташкил намудани боз чунин як кафедра пеш омад. Маҳз бо кӯшиши устодони кафедраҳои мазкур бисёр масъалаҳои пизишкии занон мавриди омӯзиши амиқ қарор гирифтанд, мас., таъсири муҳит ба организми зани ҳомила ва тифл; танзими оила; пешгирии саратони гарданаи бачадон; эндокринологияи гинекологӣ; талассемия ва ҳомилагӣ; физиологияи таваллуд; ташхис ва табобати ихтилоли климакс; роҳҳои беҳтар гардондани шири модарон; зарари моддаҳои кимиёӣ, хусусан гербитсиду пеститсидҳо ба фаъолияти насловарии занҳо; таъсири омилҳои антропогенӣ ба инкишофи ҷинсӣ ва ҷисмонии духтарон ва ғ. Пажӯҳишҳои солҳои баъдӣ ба пешгирии фавти модару кӯдак, модарии бехавф, таъсири муҳит ба организми зани ҳомила ва тифл, танзими оила, ширмаконии кӯдакон ва ғ. бахшида шуда буданд.

Соли 1980 дар ҷумҳурӣ дар заминаи Лабораторияи бемориҳои занона, амрози ирсӣ ва модарзоди кӯдакони ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино Институти тадқиқоти илмии ҳифзи модару кӯдак (ҳоло Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекология ва перинатология) ташкил карда шуд. Имрӯз он муассисаи асосӣ оид ба хамоҳангсозии ёрии акушерию гинекологӣ ва педиатрӣ дар ҷумҳурӣ аст. Кормандони пажӯҳишгоҳи мазкур оид ба дарёфти асосҳои илмиву методии такмили хадамоти акушерӣ, гинекологӣ ва педиатрӣ, кам кардани бемории камхунӣ ва оризаҳои гуногуни зоимон дар байни занҳои ҳомила, бемории кӯдакони то 3-сола ва ғ. таҳқиқоти назаррас анҷом доданд. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти муассисаҳои акушерию гинекологии ҷумҳурӣ ҳифзи солимии насловарии занҳо мебошад. Айни замон дар ҷумҳурӣ марказу кабинетҳои гуногун фаъолият доранд, ки роҳҳои босамари пешгирии ҳамли номатлубро дарёфт менамоянд.

Дар ривоҷу равнақи пизишкии занон дар Тоҷикистон саҳми С. Б. Голубчик, А. К. Сафотеров, Л. Е. Гуртовой, С. Ҳ. Ҳакимова, Л. И. Трубникова, М. Т. Пӯлодова, М. К. Абдураҳмонов, Е. Н. Нарзуллоева, М. Ф. Додхоева, Р. Т. Мирсабурова, Т. М. Абдушукурова ва дигарон арзанда аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Загребина В. А., Торчинов А. М. Гинекология. М., 1987;
  • Додхоева М. Ф. Беременность и роды женщин с дефицитом массы тела. СПб., 1999;
  • Додхоева М. Ф. Быстрая оценка текущего состояния репродуктивного здравоохранения в Республике Таджикистан. 2003.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]