Плиозаврҳо
Jump to navigation
Jump to search
Плиозаврҳо (англ. Pliosauroidea) — як зероилаи хазандагони баҳрии мунқаризро гӯянд, ки ба зерқатори плезиозаврҳо мансубанд. Дар замони охири юра ва давраи табошир зиндагӣ кардаанд. Дарозишаон зиёда аз 10 метр. Ҷонварони обии даррандаи боқувват буда, сари калон ва гардани нисбатан кӯтоҳ доштанд. Боқимондаи Плиозаврҳо аз таҳнишастаҳои ҳамаи материкҳо ва дар қаламрави Русия аз таҳнишастҳои давраи юраи Заволжия ва Осиёи Миёна дар Қазоқистони шимолӣ ғарбӣ ёфт шудаанд.
Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.
![]() |
Ин мақолаи хурд мебошад. Шумо метавонед бо пурра кардани ин ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |