Душанбе

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Пойтахти Тоҷикистон)
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Шаҳр
Душанбе
русӣ: Душанбе
Нишон
Нишон
Кишвар

Тоҷикистон

Вилоят

Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

Координатаҳо

38°24′23″ а. шим. 68°47′11″ т. ш.HGЯO

Тақсимоти дохилӣ

4 ноҳия (Исмоили Сомонӣ, Сино, Шоҳмансур, Фирдавсӣ)

Мири шаҳр

Маҳмадсаид Убайдуллоев аз 1996

Таъсис

чоряки якуми асри XVII

Номҳои пешина

Сталинобод 19291961

Масоҳат

126,6 (01.2016) км²

Баландии марказ

706 м

Забони расмӣ

тоҷикӣ

Аҳолӣ

802 700 нафар (2016)

Зичӣ

6 366 наф./км²

Агломератсия

1 485 100 (2016)

Ҳайати миллӣ

тоҷикон 90 %, ӯзбакҳо 6 %, русҳо 1 %

Ҳайати динӣ

мусалмонон, насрониён

Номи қавмӣ

душанбегӣ

Вақти минтақавӣ

UTC+5

Коди телефон

+992 37

Нишонаи почта

734000

Коди мошин

СБ, ДБ (19591991)
аз 1999-2009 01РТ
аз 2009-2014 01TJ
аз 2014 01TJ, 05TJ

Сайти расмӣ

dushanbe.tj
(тоҷ.)(рус.)(англ.)

Душанбе дар харитаи
Душанбе
Душанбе

Душанбе (порсӣ: دوشنبه) – калонтарин шаҳр ва пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Масоҳати шаҳр то 01.01.2016 – 126,6 км мураббаъ буда, дар он 802,2 ҳазор нафар шаҳрванд зиндагӣ мекарданд [1]. Аммо дар асл дар шаҳри Душанбе зиёда аз 1 миллион тан аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Дарозии умумии кӯча, гузаргоҳҳо, роҳҳои соҳилӣ, пулҳо, роҳҳои зеризаминиаш – 705,6 км аст. Масоҳати фазои сабз ва дарахтонаш – 74800 метри мураббаъ мебошад. Шаҳр дорои чаҳор ноҳияи маъмурӣ: Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Сино мебошад.[2] Пойтахти Тоҷикистон аз ҷумла — 230 корхонаи саноатӣ, 38 корхонаи таробарӣ, 132 корхонаи сохтмонӣ, 40 банк, 8 меҳмонхона, 35 бемористон, 21 масҷид, 121 мактаби таҳсилоти умумӣ, 14 омӯзишгоҳ, 12 коллеҷ, 21 донишгоҳ, 7 осорхона ва 7 намоишсаро-ро дорад.

Ҳукумати шаҳри Душанбе
Бинои баландошёнаи Душанбе Плаза
Тақсимоти маъмурии Душанбе

Нақшаи нави генералии шаҳри Душанбе бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2017 тасдиқ гардид, ки тибқи он васеъшавии асосии маъмурию ҳудудии пойтахт ба ҷануб, қисман ба шимол, шарқ ва ғарб амалӣ шуда, зиёд гардидани ҳудуди сохтмонии шаҳр аз 12, 7 ҳазор гектари ҳозира то 18 ҳазор гектар дар соли 2025, то 25 ҳазор гектар дар соли 2040 ва то 30 ҳазор гектар баъди соли 2040 пешбинӣ гардидааст. Афзоиши шумораи аҳолӣ дар ҳудуди лоиҳавӣ дар марҳалаи аввал то соли 2025 936 ҳазор нафар ва дар муҳлати ҳисобӣ то соли 2040 1 миллиону 176 ҳазор нафар муайян гардидааст.[3]

Таърих[вироиш]

Сарзамине, ки ҳамакнун шаҳри Душанбе дар он ҷой дорад, дар садаҳои миёна «Шумон» (порсӣ: «شومان») ном доштааст ва дар роҳномаҳо ва таърихномаҳои қадим ба гунаи «Сумон» (порсӣ: «سومان») низ навишта шудааст. Дар «Ҳудуд-ул-олам мин-ал-Машриқ илал-Мағриб» омада: «Шумон шаҳрест устувор ва бабаро кӯҳ ниҳода ва гирди ӯ борае кашида ва ӯро куҳандизест бар сари кӯҳ ниҳода ва андар миёни куҳандиз чашмаи обаст бузург. Аз вай заъфарон хезад бисёр».[4] Шумон дар қисмати болооби рӯди Қубодиён ва шимоли Пули Сангин ва шаҳри Вошҷирд (Висагирд, акнун — Файзобод) воқеъ буд, ки ба гуфтаи Истахрӣ ба андозаи Тирмиз вусъат дошт ва ба масофати андаке дар ҷануби он қалъаи бузурги Шумон вокеъ буд. Муқаддасӣ дар «Аҳсан ал-тақосим» гӯяд: «Шумон маконе пурҷамъият ва ободу неку аст». Шарафуддин Алии Яздӣ дар «Зафарномаи Темурӣ» аз ин қалъа ба номи «Ҳисори Шодмон» (порсӣ: «حصار شادمان») ёд карда ва ғолибан онро ба сурати мухтасар «Ҳисор» (порсӣ: «حصار») ё «Ҳисорак» (порсӣ: «حصارک») навишта ва имрӯз ҳам «Ҳисор» маъруф аст.[5] Шоёни ёдоварист, ки вожаи «ҳисор» арабӣ ва маънояш «диж» ва «қалъа» аст. Қалъае, ки ҳамакнун дар 5-километрии шимолу ғарбии шаҳри Душанбе қарор дорад, бозмонда аз ҳамон шаҳри Шумон аст, ки дар садаҳои XV – XVII м. «ҳисори Шодмон», яъне «қалъаи Шодмон», номида мешуд. Бар асари касрати талаффуз «Шодмон» аз он афтоду «ҳисор» монд ва исми хос — «Ҳисор» – гашт.

Дар оғози садаи XX ин қалъа тахтгоҳи беки Ҳисор Шоҳимардонқул буд ва дар заминларзаи 8 сентябри соли 1907 вайрон шуд ва аз он танҳо як дарвоза ва ду бурҷ дар миёни ду кӯҳ барҷой монда аст. Пас аз он заминларза Шоҳимардонқул ба қалъаи Душанбе кӯчид ки дар он замон маркази яке аз амлокдориҳояш буд ва аз он пас Душанбе тахтгоҳи беки Ҳисор шуд.

Аз ҷойноми «Душанбе» (порсӣ: «دوشنبه») барои нахустин бор дар китоби донишманди балхӣ Маҳмуд ибни Валӣ «Баҳр ул-аъроф фи маноқиб ал-хайр» (оғози садаи XVII м.) ва номаи хони Балх Субҳонқул Баҳодур ба шоҳи давлати Рус Фёдор Алексеевич (декабри 1676) ёд шудааст. Дар санаде бозмонда аз соли 1826 ин шаҳр «Душанбе-қурғон» (порсӣ: «دوشنبه قورغان») номида шудааст. «Қурғон» вожаи туркӣ ва маънояш «қалъа» ва «ҳисор» аст. Қалъаи Душанбе дар канораи чапи рӯди Варзоб ҷой дошта ва ҳар рӯзи душанбе дар назди он бозор баргузор мешудааст. Номи кунунии пойтахти Тоҷикистон ёдовари ҳамин бозор аст. Азбаски ин ҷойро «душанбебозор» мегуфтанд, деҳкадае, ки бо гузашти замон дар ҷои «душанбебозор» пайдо шуд, Душанбе ном гирифт.

Соли 1924, пас аз ташкил кардани Ҷумҳурии Мухтории Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон дар таркиби Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон, Душанбе шаҳр ва пойтахт эълон гардид.

16 октябри соли 1929 Душанбе ба Сталинобод, (бахшида ба роҳбари ҳамонвақтаи ИҶШС Иосиф Сталин (1924-1953) номаш иваз гардид. Соли 1961 дубора Душанбе номида шуд. Чунин иваз кардани номҳои шаҳру маҳалҳои аҳолинишин дар натиҷаи тағйир ёфтани сохти ҷамъиятиву сиёсӣ дар Тоҷикистон ба вуқуъ омадааст (Ниг: Рӯйхати номгузориҳои навини шаҳрҳои Тоҷикистон)

Аҳолӣ[вироиш]

(ҳазор нафар) (Мувофиқи барӯйхатгирии аҳолӣ)

Соли 1926 – 5,6;

Соли 1939 – 82,6;

Соли 1959 – 233,5;

Соли 1970 – 376,2;

Соли 1979 – 492,2;

Соли 1989 – 594,1;

Соли 2000 – 562,0;

Соли 2010 – 724,8;

Соли 2012 – 747,5;

Соли 2013 – 764,3;

Соли 2014 – 778,5;

Соли 2015 – 788,7 [6]

Соли 2016 – 802,7 [7]

Иқлим[вироиш]

Иқлими Душанбе
Нишондод Янв. Фев. Март Апр. Май Июн Июл Авг. Сен. Окт. Нояб. Дек. Сол
Максимуми мутлақ, °C 21.6 23.1 29.6 33.8 38.8 42.8 49.0 42.8 38.9 36.8 29.7 24.3 49.0
Максимуми миёна, °C 9.4 10.6 15.6 20.6 26.1 32.8 35.6 34.4 30.0 23.3 15.6 10.6 22.1
Ҳарорати миёна, °C 1.7 4.0 8.8 15.1 19.7 24.8 27.4 25.4 20.3 14.2 8.6 4.0 14.5
Минимуми миёна, °C −0.6 1.7 5.6 9.4 13.3 17.8 19.4 17.2 12.8 7.8 3.3 0.6 9.0
Минимуми мутлақ, °C −26.6 −17.3 −13.4 −7.8 1.2 8.4 10.9 8.1 3.0 −4.4 −13.5 −19.5 −26.6
Андозаи боришот, мм 66 75 108 105 66 6 3 1 3 31 45 60 568
Сарчашма: Sistema de Clasificación Bioclimática Mundial Hong Kong Observatory

[1]

Саноат[вироиш]

Душанбе ба калонтарин маркази саноатӣ табдил ёфтааст. Дар пойтахт ба миқдори 40 фисад (%) иқтидори саноати мамлакат ҷойгир буд. Дар пойтахт тақрибан 15 фисади (%) аҳолии ҷумҳурӣ зиндагӣ мекард ва чоряки маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакатро истеҳсол мекард. Комплекси саноатии пойтахт ҳоло 230 корхонаи саноатии гуногуншаклро дар бар мегирад, ки дар он зиёда аз 19 ҳазор аҳолии пойтахт фаъолият доранд.[8] Аз ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот 30 % молҳои сермасриф (аз ҷумла хурокворӣ) ташкил медиҳад. Маҳсулоти аз коргоҳҳои пойтахт ба фуруши беруна содиротшаванда: матоъҳои пахтагин, ресмони пахтагин, коркарди маҳсулоти ҷуроббарорӣ, маҳсулоти кабелбарорӣ, арматура ва маҳсулоти коркарди кишоварзӣ ва диг. ташкил медиҳад. Зиёда аз 10 корхонаҳои якҷоя бо ширкатҳои хориҷӣ дар Душанбе фаъолият доранд.

Тақсимоти корхонаҳои истеҳсолӣ аз нуқтаи назари соҳаҳои бартарӣ дошта.

  • Саноати сабук – соҳаи бештар тараққикардаи саноати комплексии пойтахт мебошад. Чунин ҳолат ба он маънидод мешавад, ки манбаи асосии ашёҳо (пахта, нахи маҳинах ва ғайра) дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсол мешаванд. На танҳои корхонаҳои шаҳр, балки корхонаҳои бузурги ҷумҳуриро ба мисли ташкилоти истеҳсолии ҶММ «Насоҷӣ» (корхонаи бофандагӣ ва ресандагӣ), ки бо қувваи истеҳсолӣ дар як сол коркарди пахтаи маҳинахро ба 25 ҳазор тонна мерасонад, дар бар мегирад. ҶС «Чевар» корхонаи барои истеҳсоли махсулоти дузандагии тайёр, ҶС «Нафиса» корхонаи коркарди маҳсулоти ҷуроббарорие, ки дар айни замон асосан маҳсулоти худро ки аз нахи пахта иборат аст, истеҳсол меамоянд.
  • Соҳаҳои барқӣ, мошинсозӣ ва металлургӣ – корхонаҳои азими ҷумҳурӣ ба ҳисоб мераванд. ИИВД «Текстилмаш» (истеҳсоли дастгоҳҳо ва таҷҳизот барои саноати пахтатозакунӣ, хоҷагии қишлоқ, истеҳсоли ҳисобкунакҳои газӣ, неъругоҳҳои барқии хурд ва автономӣ, васл намудани техникаи хоҷагии қишлоқ) ҶС «Тоҷиккабел» – корхонаи истеҳсли маҳсулоти кабелӣ (зиёда 40 номгӯи ва намуд сар карда, аз кабелҳои телефонӣ то кабеҳои пуриқтидори электронӣ) ҶС «Сомон-таҷҳизот» корхонаи истеҳсоли техникаи электронӣ, молҳои электрикӣ маиши, ҶС «Торгмаш» – корхонаи истеҳсоли таҷҳизот барои муассисаҳои савдо, ҶС «Заводи арматурбарорӣ»- корхонаи истеҳсоли рехти чуян, арматура.
  • Саноати хурокворӣ ва коркардабарорӣ: Тамоми намуди маҳсулоти хуроквориро истеҳсол менамоянд, инчунин молҳои машруботиро. Яке аз соҳаҳои калонтарин ин комбинати ширбарорӣ ва гушту консерва, заводи машруботи шаҳри Душанбе, комбинати хуроквории Тоҷикистон, корхонаҳои маҳсулоти нон «Нонпаз», қанодӣ, фабрикаи «Ширин» мебошанд.
  • Саноати масолеҳи бинокорӣ – заводи сементбарории шаҳри Душанбе, заводи шифербарорӣ, заводи хишбарорӣ ва инчунин дигар корхонаҳоро, ки масолеҳи бинокорӣ конструксияи бетонӣ истеҳсол менамоянд, дар бар мегирад.
  • Соҳаи электроэнергетикӣ – корхонаҳои ТЭТС-и Душанбе ва неругоҳҳоии барқии Варзоб – корхонаҳои коркарди электроэнергетикӣ ва гармиро дар бар мегирад.
  • Саноати кимиёвии пойтахт – аз корхонаҳои коркардбарории масолеҳи нефтӣ ва истеҳсоли ашёи пластмассагӣ иборат аст.
  • Саноати ҷангал, коркарди чӯб, қоғаз ва селюлоза – ба худ корхонаҳои истеҳсоли коркарди ҷангал, истеҳсоли ашё барои мебел, ки ба стандартҳои давлатӣ таносуб аст, дар бар мегирад.
  • Саноати полиграфӣ – зиёда аз 20 коргоҳҳро дар бар гирифта, ки китоб ва дигар намуди чопи полиграфиро истеҳсол менамоянд.[9]

Маркази илмӣ-фарҳангӣ[вироиш]

Қасри Миллат
Ҳайкали Исмоили Сомонӣ
Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино
Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон,собиқ китобхонаи ба номи А. Фирдавсӣ
Маркази ақди никоҳ
Театри ҷавонон ба номи М. Воҳидов
Амфитеатр дар Душанбе
Намоиши театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ
Ҳайкали нависандагон С.Айнӣ ва М. Горкий

Душанбе яке аз калонтарин маркази илмӣ-фарҳангӣ ба шумор меравад. Дар Академияи илмҳои Тоҷикистон, ки ба он 20 Пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ шомил буда, дар онҳо дар соҳаҳои физика, астрофизика, риёзиёт, зилзилашиносӣ, кимиё, геология, гастроэнтрология, зоология, ботаника, растаниҳои физиологӣ, генетика, иқтисод, фалсафа, ҳуқуқ, таърих ва бостоншиносӣ, этнографӣ, забон ва адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ тадқиқотҳо бурда мешаванд. 21 донишгоҳҳу донишкадаҳои пойтахт ҳар сол ҳазорҳо мутахассисони соҳаи гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳуриро тайёр менамоянд.

Нақши Душанбе дар рушди фарҳанг бузург аст. Устодони барҷастаи назму насри муосири тоҷик Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Мирсаид Миршакар, Мӯъмин Қаноат, Боқӣ Раҳимзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Лоиқ Шералӣ ва дигарҳо дар рушди адабиёти муосири тоҷик на танҳо дар Ватани худ, балки дар дигар мамлакатҳои Шарқу Ғарб машҳур буда, саҳми беандозае гузоштаанд.[10] Соли 2011 дар Душанбе бузургтарин дар Осиёи Марказӣ Китобхонаи миллии Тоҷикистон бунёд карда шудааст, теъдоди хазинаи китобҳояш зиёда аз 6 000 000 нусхаро ташкил медиҳад.

Маориф[вироиш]

  • Миқдори мактабҳои маълумоти олӣ – 20;

дар онҳо:

  • Донишҷӯён, ҳазор нафар – 97,2;
  • Мутахассисони хатмкунанда, ҳазор нафар – 17,1;
  • Миқдори омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ – 9;

дар онҳо:

  • Хонандагон, ҳазор нафар – 9,0;
  • Коргарони мутахассиси хаимкунанда, ҳазор нафар – 2,1;
  • Миқдори мактабҳои таҳсилоти умумӣ – 140;

дар онҳо:

  • Хонандагон, ҳазор нафар – 172;
  • Омӯзгорон, ҳазор нафар – 7,2;
  • Миқдори муассисаҳои бачагонаи томактабӣ – 112;
  • Бача дар онҳо, ҳазор нафар – 24,1

Илм[вироиш]

  • Ташкилотҳои илмӣ – 45;
  • теъдоди кормандони илмӣ – 2828;

Дорандагони унвони илмӣ дар онҳо:

  • докторони илм, нафар – 231;
  • номзадҳои илм, нафар – 583.

аз ҷумла:

Дорандагони унвони илмӣ дар онҳо:

  • докторони илм, нафар – 115;
  • номзадҳои илм, нафар – 229.[11]

Мактабҳои олӣ[вироиш]

Ёдгориҳои меъморӣ – таърихӣ[вироиш]

Осорхонаҳо[вироиш]

Муассисаҳои театрӣ[вироиш]

Муассисаҳои консертӣ[вироиш]

Боғу гулгаштҳо[вироиш]

Нашрияҳо[вироиш]

Миқдори рӯзнома ва маҷалаҳои ҷумҳуриявии дар шаҳр нашршаванда:

  • рӯзнома – 37
  • маҷалла – 37

аз ҷумла Маҷаллаи «Тоҷикистон»,«Илм ва ҳаёт», Маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон», «Фарҳанг», «Тоҷикистон»,«Адабиёт ва санъат», Рӯзномаи «Ҷумҳурият», «Народная газета», «Азия-плюс», «Паёми Душанбе», «Вечерний Душанбе» «Нидои ранҷбар» ва диг. нашр мешаванд.

Дар пойтахт 4 Оҷонсиҳои иттилоотии Тоҷикистон амал карда истодаанд: Оҷонсии иттилоотии «СИМОНЮС», Оҷонсии иттилоотии «Азия-Плюс», АМИТ «ХОВАР», Оҷонсии умумимиллии иттилоот «ТОҶНЮС»(«TOJNEWS») (фаъолияти оҷонсӣ дар соли 2016 қатъ шудааст).

Тандурустӣ[вироиш]

Аз ҳама беморхонаи калонтарин дар Осиёи Маркази
  • Теъдоди беморхонаҳо – 43;
  • Кати беморони онҳо – 5447;
  • Теъдоди духтурони ҳамаи тахассусҳо, нафар – 6282;
  • Теъдоди муассисаҳои тиббии ёрии амбулаторӣ-дармонӣ диҳанда – 16.[12]

Иншоотҳои варзишӣ[вироиш]

  • Стадионҳо – 8;
  • Толорҳои варзишӣ – 121;
  • Ҳавзҳои шиноварӣ – 4;
  • Толорҳои теннисбозӣ – 3;
  • Майдонҳои футболбозӣ – 57;
  • Машқгоҳи тирандозӣ – 3;
  • Муҷтамаи майдонҳои варзишӣ – 140;
  • Теъдоди ҷой дар иншоотҳои асосии варзишӣ:
  • Стадиони Фрунзе – 24 ҳазор;
  • Стадиони Спитамен (Спартак) – 6 ҳазор;
  • Стадиони Авиатор – 2 ҳазор. [13]

Робитаҳои байналмилалӣ[вироиш]

Бародаршаҳрҳо[вироиш]

Айни замон Душанбе- пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 15 шаҳри давлатҳои Осиё, Аврупо, Амрико, Африқо, ИДМ бародаршаҳр мебошад[14]:

«Бародаршаҳрҳо»[вироиш]

Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе бо шаҳри Москваи Федератсияи Русия пайваста дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ҳамкорӣ менамояд.[15]

Дар баробари ин, пойтахти Тоҷикистон аъзои фаъоли Ташкилоти умумиҷаҳонии Шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ (ОГМВ), Ассамблеяи байналмилалии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо, Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо (МОГП), Ташкилоти Боулдер-Душанбе бародаршаҳрҳо (БДГП) мебошад.

Дар Душанбе намояндаҳои Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Фонди байналхалқии асъор ва дигар институтҳои байналмилалии бонуфуз, корпуси дипломатии давлатҳои хориҷӣ мустақар мебошанд. Барои саҳми беандозаи Душанбе дар таҳкими сулҳ ва арзишҳои башарӣ, ҳамфикрӣ ва ҳамрайъӣ дар ҳайёти ҳамарӯза 4 августи соли 2004 бо қарори ЮНЕСКО ба шаҳри Душанбе Ҷоизаи «Шаҳри Сулҳ»-и ЮНЕСКО дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором барои солҳои 2002—2003 дода шуд.[10]

Донистаниҳо[вироиш]

  • 31 августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе рекорди нави ҷаҳонӣ гузошта шуд. Ин рекорди нави ҷаҳонӣ, — ифтитоҳи парчами баландтарини дунё, ки баландии он 165 метрро ташкил мекунад, ба ҳисоб меравад.
  • Ба ифтихори 90-умин солгарди шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе аз ҷониби Форуми байналмилалии "Мегаполис"-и асри XXI бо Дипломи VII – умин озмуни байналмилалии таҷрибаҳои шаҳрии шаҳрҳои ИДМ ва Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё «Шаҳре, ки он ҷо зистан мефорад» — 2014 барои ободонӣ, рушди инфарасохтории муосири шаҳрӣ ва дар сатҳи олии ташкилӣ баргузор намудани чорабиниҳои байнидавлатии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкориҳои Шанхай сарфароз гардид.[16]
  • Душанбе соли 2017 аз ҷумлаи 20 шаҳри тамошобоби қитаъаи Осиё дар маҷаллаи The Telegraph Бритианияи Кабир номбар карда шудааст.[17]

Аксҳои Душанбе[вироиш]

Пайнавиштҳо[вироиш]

  1. Шиносномаи шаҳр
  2. http://www.dushanbe.tj/capital/passport/
  3. 31 ОКТЯБР — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. То соли 2025 симои Душанбе ба таври шинохтанашаванда тағйир меёбад
  4. «Ҳудуд-ул-олам мин-ал-Машриқ илал-Мағриб» (соли 372 хиҷрии қамарӣ = 982 милодӣ). Вироиши доктор Манучеҳр Сутуда. Теҳрон: Китобхонаи Таҳурӣ, Ширкати офсети «Гулшан». 1983 – саҳ. 110
  5. ЛеСтренж, Ги. «Сарзаминҳои Хилофати шарқӣ». Тарҷумаи Маҳмуд Ирфон. Теҳрон: Бунгоҳи тарҷума ва нашри китоб. 1336 ҳ.ш. = 1958 м. – саҳ. 468
  6. “TAJIKISTAN”. City Population. Retrieved 2015.01.01
  7. Шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2016 Ахбороти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  8. Отголоски приватизации, или Столица без заводов…
  9. [ http://www.dushanbe.tj/economic/industry/]
  10. 10.0 10.1 http://www.dushanbe.tj/capital/capital/
  11. Шиносномаи шаҳр
  12. Шиносномаи шаҳр/тандурусти
  13. Шиносномаи шаҳр/варзиш
  14. Бародаршаҳрҳо. Муносибатҳои хориҷӣ Сайти расмии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе(тоҷ.)(рус.)(англ.)
  15. Шаҳрҳои шарик. Муносибатҳои хориҷӣ Сайти расмии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе(тоҷ.)(рус.)(англ.)
  16. Шаҳре, ки он ҷо зистан мефорад
  17. The 20 least liveable cities on Earth

Пайвандҳои беруна[вироиш]

Нигаред[вироиш]

Commons-logo.svg
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:


Пойтахтҳои Осиё
Абу Даби | Аммон | Анкара | Ашқобод | Бағдод | Боку | Бандар-Сери-Бегаван | Бангкок | Бейрут | Бишкек | Вентян | Дака | Димишқ | Деҳлӣ | Доҳа | Душанбе | Ҷакарта | Ереван | Исламабад | Катманду | Кобул | Мале | Манама | Манила | Масқат | Никосия | Остона | Пекин | Пномпен | Путраҷайя | Пхенян | Пинмана | Санъо | Сеул | Сингапур | Тайпей | Тошканд | Тбилисӣ | Тхимпху | Теҳрон | Токио | Улан-Батор | Уршалим | Ханой | Шри-Ҷаяварденепура-Котте | Ал-Кувейт | Ар-Риёз