Полимерҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Занҷираи молекулаҳои полипропилен

Полиме́рҳо (аз юнонии πολύ — бисёр ва μέρος — қисм) — моддаҳои ғайриорганикӣ, органикӣ, аморфӣ ва кристаллӣ, ки аз пайвастагиҳои кимиёвӣ ё координатсионии макромолекулавии дароз иборатанд. Полимерҳо як синфи аҷоиб ва ҳайратовари моддаҳои химиявиянд. Ин моддаҳо ба худ хос бадалшавии сохт, таркиб ва хосиятҳои аҷиби физикавиву химиявиро дороянд. Ба полимерҳо на танҳо пластикҳо, ки аслан аз полимерҳои синтетикӣ гирифта мешаванд, инчунин биополимерҳои сафедаҳо, полисахаридҳо, кислотаҳои деокси-рибонукеотидӣ (КДР) ва рибонуклеотидӣ (КРН), ки қобилияти аз насл ба насл гузаронидани аломату хусусиятҳои организмҳои зиндаро доранд, шомиланд. Ин материяи беҷон, ки моро фаро гирифтааст, қариб ҳамаи қобилиятҳои худро маҳз бо шарофати полимерҳо дорост.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Тагер А. А., Физико-химия полимеров, М.: Научный мир, 2007 — 573с;
  • Krochta, J. M.; De Mulder-Johnston, C.; Edible and biodegradable polymer films: challenges and opportunity. Food Technol. 1997, 51, 61-74.