Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Пол Верлен

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Пол Верлен
фр. Paul Verlaine
Тахаллусҳо Pauvre Lelian[1] ва Pablo de Herlagnèz[1]
Таърихи таваллуд 30 марти 1844(1844-03-30)[2][3][4][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 8 январи 1896(1896-01-08)[2][3][4][…] (51 сол)
Маҳалли даргузашт
Маҳалли дафн
Шаҳрвандӣ (табаият)
Таҳсилот
Навъи фаъолият шоир, мақоланавис, нависанда, либреттонавис, тарҷумон
Солҳои эҷод аз 1858
Жанр шеъри ғиноӣ[d]
Забони осор фаронсавӣ[2][1][7]
Ҷоизаҳо
IMDb ID 2716836
Соядаст соядаст
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
 Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард

Пол Мари́ Верле́н (фр. Paul Marie Verlaine; 30 марти 1844[2][3][4][…], Метзс[d], Департаменти Мозел[5][6]8 январи 1896[2][3][4][…], Порис[5][6]) — шоири фаронсавӣ. Бо нашр шудани ду маҷмӯаи шеърҳои худ — «Манзумаҳои ғамангез» (1866) ва «Ҷашнҳои шӯрангез» (1869) дар байни мардум шуҳрат ёфт. Пол Верлен яке аз асосгузорони ҷараёни ашъори рамзӣ, муаллифи китобҳои «Достонҳои муштарӣ» (1966), «Суруди дилнишин» (1870), «Хирад» (1881), «Романҳои бекалом» (1874), «Дур ва наздик» (1884), «Ишқ» (1888), «Бахт» (1891), «Сурудҳо барои маҳбуба» (1891) ва ғ. мебошад. Вай ба оҳангу мазмуни шеър аҳаммияти бисёр медод. Забони шеъру достонҳояш равону оммафаҳм аст, сурудҳои ӯ хеле дилангез, дорои образҳои рамзӣ мебошанд. Мавзӯи асосии офаридаҳои Пол Верлен ишқу муҳаббат, гузашти айём, табиат, бахти инсон, зиндагии дӯстону наз дикон аст. Ба эҷодиёти Пол Верлен оҳангҳои рӯҳафтодагӣ хосанд. Ба забони тоҷикӣ шеърҳои «Шикаст», «Шеъре, ки аз барои он туҳматам мекунанд», «Чӣ мегӯӣ?», «Баҳрӣ», «Дилам оҳиста мегиряд», «Соати мулоқот», «Суруди тирамоҳӣ», «Паҳлавони қисмати ман» тарҷума ва нашр шудаанд.