Помир

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Кӯҳҳои Помир, Тоҷикистон

Помир (форсӣ: پامیر‎) — кӯҳистонест дар ҷануби Осиёи Миёна ва дар сарзамини Тоҷикистон (Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон), Қирғизистон, Хитой ва Афғонистон ҷой дорад.

Помир дар баҳорон
Акс аз маҳвора

Кӯҳистони Помир пайвандгоҳи баландтарин кӯҳсори Осиёи Марказӣ ба монанди Ҳиндукуш, Қароқурум, Кунлун ва Тиён-Шон аст. Баландтарин нуқтаи Помир қуллаи Исмоили Сомонӣ бо баландии 7495 м мебошад. Ин қулларо аз соли 1932 то соли 1962 қуллаи Сталин ва аз соли 1962 то соли 1998 қуллаи Коммунизм меномиданд. Аз дигар қуллаҳои баланди Помир қуллаи Истиқлолият (7165 м то июли 2006 — қуллаи Ленин), қуллаи Корженевский (7105 м), қуллаи Абуалӣ ибни Сино (6940 м, то июли соли 2006 — қуллаи Революция) ном доранд. Дар Помир калонтарин пиряхи қадимаи қитъаи Осиё Пиряхи Федченко (масоҳат 651,7 км², дарозӣ 77 км.) воқеъ аст, ки аз он дарёҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сарчашма мегиранд.

Кӯҳнавардон дар назди Қуллаи Коммунизм (қуллаи Исмоили Сомонӣ соли 1978

Баъзе татқиқотчиён (Поло Марко, Д. Л. Иванов, Д. В. Наливкин, К. В. Станюкович, Э. М. Мурзаев) дар бораи Кӯҳистони Помир маълумот ҷамъ оварда дар асрҳояшон иншо намудаанд.

Нигаред низ[вироиш]

Commons-logo.svg
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]

Энсиклопедияи Советии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.