Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Порсо Пирӯзфар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Порсо Пирӯзфар
Таърихи таваллуд: 13 сентябр 1972(1972-09-13)[1] (53 сол)
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ:
Касб: ҳунарпеша, коргардони филм, рассом, коргардони театр, намоишноманавис, тарҷумон, омӯзгори театр, филмноманавис
Корнома: 1994 — то ҳол
IMDb: ID 0685277
parsapirouzfar.com(англ.)
 Парвандаҳо дар Викианбор



Порсо Пирӯзфар (форсӣ: پارسا پیروزفر; зод. 13 сентябри 1972, Теҳрон, Эрон) — ҳунарпешаи синамо ва театр, коргардони театр, намоишноманавис, тарҷумон ва рассоми эронӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Порсо Пирӯзфар дар 13 сентябри 1972 (22 шаҳривари 1351) дар Теҳрон зода шуд. Ӯ дорои мадраки коршиносии наққошӣ аз Донишкадаи ҳунарҳои зебои Донишгоҳи Теҳрон ва донишомӯхтаи риштаи бозигарӣ аз Академияи ҳунарҳои намоишии Ҳамид Самандариён аст. Алоқамандиаш ба наққошӣ сабаб шуд, то дар тайи солҳои 1984–1990, ҳангоме ки ӯ дар мақтаи таҳсилии дабиристон машғул ба таҳсил буд, ба халқи достонҳои мусаввар бипардозад.

Пас аз итмоми мақтаи таҳсилии дабиристон дар соли 1990, Пирӯзфар таҳсилоти худро дар риштаи наққошӣ дар Донишгоҳи Теҳрон идома дод. Ӯ ҳамчунин замонеро низ аз соли 1992 то 1996 ба садопешагӣ пардохтааст.

Корномаи ҳунарӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ӯ фаъолияташро дар авоили солҳои 1990 бо нақши кӯтоҳ дар фиилми «Парӣ» (1994) сохтаи Дориюш Меҳрҷӯӣ оғоз кард. Дар соли 1995 машғул ба омӯхтани бозигарӣ назди Ҳамид Самандариён шуд. Нахустин ҳузури расмиаш дар театр дар нақши Мариус дар намоиши «Бенавоён»-и Виктор Гюго ба коргардонии Беҳрӯз Ғарибпур буд. Пирӯзфар намоишномаи «Ҳунар»-и Ясмина Ризоро дар соли 2001 коргардонӣ кард.

Ӯ нақши аслии маҷмӯаи таърихии «Дар чашми бод» (2003–2008) ва маҷмӯаи драмаи «Ёғӣ» (2022)-ро бозӣ кардааст ва барои бозӣ дар маҷмӯаи «Дар интиҳои шаб» (2024). Пирӯзфар Мавлавиро дар филми «Масти ишқ» (2024) ба тасвир кашид.

Ҷоизаҳо ва ифтихорот

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Барандаи Тандиси Ҳофиз (2024) барои сериали «Дар интиҳои шаб»;
  • Тандиси заррини беҳтарин бозигар (2017) барои намоиши «Матриошка»[2][3];
  • Ҷоизаи беҳтарин бозигари хориҷӣ (2006) дар Чин барои филми «Ашки сармо»;
  • Беҳтарин бозигари мард (2005) дар Ҷашнвораи Деҳлии Нав барои филми «Ашки сармо»[4][5];
  • Тандиси заррини Хонаи синамо (2004) барои филми «Меҳмони момон».