Портал:Футбол/Ахбори Футбол
Зоҳир
- 13 март - Тоҷикистон бо ҳисоби 1:2 аз Филиппин шикаст хӯрд ОЗОДӢ
- 20 август - Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бозии нахустини чемпионати ҷаҳон миёни наврасони то 17-соларо бо пирӯзӣ бар дастаи мунтахаби ИМА оғоз намуд.ОЗОДӢ
- 16 август - Рӯзи шанбеи 18 август дар Куриёи Ҷанубӣ мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни футболбозони то 17-сола оғоз мешавад.(ОЗОДӢ)
- 30 июл - Ироқиҳо пирӯзии футболи худро ҷашн мегиранд - Даҳҳо ҳазор нафар аз ироқиҳо дар хиёбонҳо дар сартосари кишвар пирӯзии дастаи футболи худро ҷашн мегиранд. Аввалин бор дар таърихи худ дастаи миллии Ироқ қаҳрамони Ҷоми Осиё гардид.(ОЗОДӢ)
- 30 март - Ҷозеф Блаттер, раиси ФИФА - Федеросиюни байналмилалии футбол ва Муҳаммад бин Ҳамом,раиси АФК - Конфедеросиюни футболи Осиё рӯзи ҷумъаи 30-юми март дар шаҳри Норак майдончаи замонавиро барои бозии мини-футбол ё футболи хурд ифтитоҳ карданд.[1]
- 12 Январ - Дейвид Бекҳем тасмим гирифтааст, ки пас аз поёни ин мавсим дастаи "Реал"- и Мадридро тарк кунад ва тибқи қарордоде, ки 250 миллион доллар арзиш дорад, ба дастаи "Галакси"- и Лос Анҷелеси Иёлоти Муттаҳида бипайвандад.[2]
- 4 Январ: Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон дар даври муқаддамотии мусобиқоти интихобии олимпӣ бо тими Ӯзбекистон рақобат хоҳад кард.[3]
- 29 Декабр: Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо тимҳои Қирғизистон, Сурия, Қатар, Туркманистон ва Бутан рақобат хоҳад кард.[4]
- 28 Декабр: Беҳтаринҳои футболи тоҷик соҳиби ҷоизаҳо шуданд. Дар маросими ҷамъбасти мавсими футболи соли 2006, ки шоми чоршанбеи 27 декабр дар Кохи Ҷомии шаҳри Душанбе баргузор шуд, ба беҳтарин дастаҳои футболи Тоҷикистон, бозигарону мураббиён ва доварони сол ҷавоизи Федеросиюни футболи Тоҷикистон эҳдо гашт.[5]
- 25 Декабр: Беҳтаринҳои футболи Тоҷикистон дар соли 2006.[6]