Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Пошо (унвон)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бунчуки Пошои Усмонӣ. соли 1877
Мустафо Камол Пошо
Анварпошо
Аҳмад Мухтор Пошо

Пошо ( тур. paşa, усм. پاشا‎ - пошо, ар. باشا‎ , аз форсӣ: «پادشاه»‎, ки аз порсии бостон: pāti-xšāya- — «ҳоким») — унвони баланд дар низоми сиёсии Имперотурии Усмонӣ. Он ба унвоне бармегардад, ки ба ҳокимон дар имперотуриҳои Ошурӣ ва Ҳахоманишиён дахл дорад ва дар Китоби Муқаддас зикр шудааст.

Тахминан ба вазифаи фармондор ё генерал (адмирал) баробар аст.

Дар ибтидо ин унвон танҳо барои раҳбарони низомиён истифода мешуд, вале баъдан он беқурб шуд ва метавонист нисбат ба ҳар мансабдори баландпоя ва ҳатто шахси сеюме, ки ба ҳамин гуна шараф сазовор гаштааст, раво дониста шавад. Дар болои пошоҳо дар иерархияи усмонӣ волиҳо ва вазирҳо буданд, дар поён.— бек.

Се сатҳи мақоми пошо мавҷуд буд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия ин унвонро тақрибан дар солҳои 1930 бекор кард. Ҳарчанд он дигар унвони расмӣ нест, ҷомеа ва расонаҳои Туркия аксаран аз афсарони аршади Қувваҳои Мусаллаҳи Туркияро ба унвони "пошо" ёд мекунанд.

Дар Нерӯҳои баҳрии Фаронса "pasha" ( pacha дар Фаронса) лақаби фармондеҳ аст, ки ба истилоҳи "skipper" дар нерӯҳо баҳрии (флотҳои) инглисизабон монанд аст .

Феҳристи пошоҳои маълум

[вироиш | вироиши манбаъ]

Меъёри дохилшавӣ ин аст, ки шахс дар ҷомеаи худ рутбаи "пошо" доштааст.

ва дигарон.